Душанбе, 29-уми майи соли 2017
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми май то 9-уми июни соли ҷорӣ дар 17 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ семинари омӯзиширо барои кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ баргузор мекунад.
Барои иштирок дар семинар 3465 нафар ҳуҷҷат супорида буданд, ки аз ин шумора тибқи талабот ва арзёбии пешакӣ 2 ҳазору 410 нафарашон ба омӯзиш ҷалб шудаанд.
Семинари мазкур дар 22 нуқта барои 88 гурӯҳи иштирокдор тибқи барнома ва модули омӯзишии махсус гузаронида мешавад.
Мақсад аз ташкилу баргузории семинар омӯзиши кормандони муваққатии марказҳои имтиҳон ва интихоби онҳо ба сифати роҳбарони марказҳои имтиҳон ва ёварони онҳо, маъмурони калон, маъмурони имтиҳон ва бақайдгирандагони маркази имтиҳон аст, ки барои идора кардани раванди имтиҳон масъул хоҳанд шуд.