Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ҲАМОҲАНГСОЗОНИ ОЗМОИШИ МАҲАЛЛИИ PISA 2025

Нашр шуд: 09 Апрели 2024
Диданд: 28532

Душанбе, 8-уми апрели соли 2024

8-уми апрели соли 2024 дар маҷлисгоҳи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 12-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар доираи Лоиҳаи “Кумаки Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” вобаста ба омода намудани ҳамоҳангсозони мактабҳо барои баргузории озмоиши маҳаллии Барномаи байналмилалии дастовардҳои таҳсилии хонандагон (PISA 2025) семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.

Дар он Ҷаъфарзода Сабзалӣ, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ), Айгул Казжанова, коршиноси Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба таҳсилоти миёнаи умумӣ, Ёров Аслиддин, муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва директорону намояндагон аз 71 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва умумии асосӣ, ки аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе интихоб шуда буданд, иштирок карданд.

Ҷаъфарзода Сабзалӣ, директори Марказ, дар оғоз вобаста ба PISA 2025 ва озмоиши маҳаллии он, ки аз 6-ум то 21-уми майи соли 2024 дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва умумии асосии интихобшудаи ш. Душанбе баргузор мешавад, ба иштирокдорон маълумот дода, зикр кард, ки PISA санҷиши тестист, ки тавассути он дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон донишу саводи амалкардӣ (функсионалӣ)-и хонандагон ва қобилияти дар амал истифода кардани он арзёбӣ карда мешавад.

Саводи амалкардӣ қобилияти дар ҳаёт татбиқ кардани дониш ва малакаю маҳоратҳои андӯхтаи муҳассилин дар мактаб аст. Ин дараҷаи маълумот (дониш)-ест, ки дар давоми таҳсил ба даст оварда шуда, қобилияти ҳалли масъалаҳои ҳаётиро дар соҳаҳои гуногуни он пешбинӣ мекунад. PISA на танҳо арзёбии дониши азхудкарда, инчунин арзёбии салоҳият (малакаю маҳорату қобилият)-и истифодаи дониш дар шароити наву гуногун ва ҳолатҳои воқеиро мавриди андозагирию арзёбӣ қарор медиҳад, – дар идомаи суханронӣ гуфт директори Марказ Ҷаъфарзода С.

Чанде аз иштирокдорони дигари семинар низ вобаста ба PISA 2025 ва озмоиши маҳаллии он суханронӣ карданд.

Дар охири семинар директорону намояндагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва умумии асосии интихобгардидаи шаҳри Душанбе, ки дар озмоиши маҳаллии PISA 2025 иштирок мекунанд, ба саволҳояшон аз ҷониби мутахассисон посухи дахлдор гирифтанд.

Лозим ба зикр аст, ки озмоиши маҳаллии PISA 2025 моҳи майи соли 2024 дар ш. Душанбе ва арзёбии асосии он соли 2025 аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон