Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ
      • Ҳуҷҷатҳои ММТ
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД-2022
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2022
    • Ҳисоботи даврӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2022
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2022-2023 (руйхати ихтисосҳо)
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
  • Саволу ҷавоб

СЕМИНАРҲОИ ОМӮЗИШИИ КОРМАНДОНИ МУВАҚҚАТИИ МАРКАЗҲОИ ИМТИҲОНӢ

Нашр шуд: 01 Июни 2021
Диданд: 792

Душанбе, 1-уми июни соли 2021

Дар доираи корҳои омодагӣ барои гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2021 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарҳои омӯзиширо барои кормандони муваққатӣ: роҳбари маркази имтиҳонӣ, ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ, маъмури калони маркази имтиҳонӣ, маъмури имтиҳони маркази имтиҳонӣ ва бақайдгирандаи маркази имтиҳонӣ доир менамояд.

Семинарҳои омӯзишӣ аз 31-уми май то 10-уми июни соли 2021 дар 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ  (26 нуқта) гузаронида мешавад. Мувофиқи эълон барои иштирок дар семинарҳои омӯзишӣ 4550 нафар хоҳишманд ҳуҷҷат супорида буданд. Баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи хоҳишмандон аз тарафи раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилооти Марказ маълум кард, ки ҳуҷҷатҳои 3456 нафар хоҳишманд мувофиқи талаботи муқарраршуда пешниҳод карда шудаанд.

Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон, робита бо ҷомеа ва таъминоти иттилооти Марказ баррасӣ карда, мувофиқати номзадонро ба талаботи тахассусии муқарраршуда аз рӯйи ҳуҷҷатҳояшон, муайян сохт, ки ба 2920 нафар довталаби барои кор ариза пешниҳодкарда барои ширкаташон дар семинарҳои омӯзишӣ иҷозат дода шавад.

Шунавандагони семинар (2920 нафар) аз рӯйи панҷ гурӯҳи зерини вазифаҳо тақсим карда шуданд, ки ба онҳо 29 нафар тренер (ҳамчун корманди муваққатӣ) ва 23 нафар корманди доимии Марказ дарс медиҳанд: 1) роҳбари маркази имтиҳонӣ, 2) ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ, 3) маъмури калони имтиҳон, 4) маъмури имтиҳон, 5) бақайдгирандаи маркази имтиҳонӣ.

Ҳайати гурӯҳи корӣ пас аз ду рӯзи дарсӣ ба шунавандагон дар асоси дарсҳои омӯхтаашон (бо такя ба барнома, модули омӯзишӣ ва маводи иловагии ёрирасон) бо пешниҳоди саволномаҳо, баъди арзёбии донишу маҳорати шунавандагон дар асоси талаботу принсипҳои муқарраршуда аз байни онҳо зиёда аз 2000 нафарро тибқи вазифаҳои номбурда интихоб ва ба кори муваққатӣ дар Марказ ҷалб мекунанд.

Лозим ба зикр аст, ки тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 47 маркази имтиҳонӣ ташкил карда мешавад. Фаъолияти марказҳои имтиҳонӣ аз 1-уми июл оғоз мегардад ва кормандони интихобшуда дар ин марказҳо фаъолият хоҳанд кард.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Роҳнамои довталаб - 2022Роҳнамои довталаб - 2022
  • Ҳисоботи оморӣ оид ба рафти бақайдгирӣҲисоботи оморӣ оид ба рафти бақайдгирӣ
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест - 2022Намунаи саволу масъалаҳои тест - 2022
  • Барқарор кардани рамзи хизматрасонии "Худро бисанҷ"Барқарор кардани рамзи хизматрасонии "Худро бисанҷ"

Мақолаҳо

Ғуруби ахтари пурфурӯғ

Муддате буд, ки чунин тӯлонӣ ва бетаваққуф борон наборида буд. Гӯӣ, осмонро низ фарзанди азизаш фавтида буду бар марги ҷигаргӯшаю парвардаи хеш талху боалам мегиряд...

 

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2022 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон