Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

CЕМИНАРҲОИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ КОРМАНДОНИ МУВАҚҚАТИИ МАРКАЗҲОИ ИМТИҲОНӢ

Нашр шуд: 14 Июни 2024
Диданд: 3554

Душанбе, 14-уми июни соли 2024

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи корҳои омодагӣ барои ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ (ИМД) дар соли 2024 семинарҳои омӯзиширо барои кормандони муваққатӣ: роҳбарони марказҳои имтиҳонӣ, ёварони роҳбарони марказҳои имтиҳонӣ, маъмурони калон, маъмурони имтиҳон ва бақайдгирандагони марказҳои имтиҳонӣ доир карда истодааст.

Семинарҳои омӯзишӣ дар 34 муассисаи таълимии 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, ки дар онҳо барои баргузории ИМД-2024 марказҳои имтиҳонӣ, ташкил карда мешаванд, аз 10-ум то 16-уми июни соли 2024 гузаронида мешавад. Мувофиқи эълон барои иштирок дар семинарҳои омӯзишӣ 3295 нафар хоҳишманд ҳуҷҷат супорида буданд. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи хоҳишмандонро Раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии Марказ баррасӣ карда маълум кард, ки ҳуҷҷатҳои 3251 нафари онҳо мувофиқи талаботи муқарраршуда пешниҳод карда шудаанд.

Мувофиқати номзадон ба талаботи тахассусии муқарраршуда аз рӯйи ҳуҷҷатҳояшон аз ҷониби раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Марказ муаян гардид. Дар натиҷа ба 2825 нафар довталаби барои кор ариза пешниҳод карда барои ширкат дар семинарҳои омӯзишӣ иҷозат дода шуд.

 

Шунавандагони семинар аз рӯйи панҷ гурӯҳи зерини вазифаҳо тақсим карда шуданд, ки ба онҳо 60 нафар тренер (ҳамчун корманди муваққатӣ) ва 32 нафар корманди доимии Марказ дарс медиҳанд: 1) роҳбари маркази имтиҳонӣ, 2) ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ, 3) маъмури калони имтиҳон, 4) маъмури имтиҳон, 5) бақайдгирандаи маркази имтиҳонӣ.

Ҳайати гурӯҳи корӣ пас аз ду рӯзи дарсҳои назариявию амалӣ донишу маҳорати шунавандагонро дар асоси дарсҳои омӯхтаашон арзёбӣ карданд. Баъди арзёбии донишу маҳорати шунавандагон дар асоси талаботу принсипҳои муқарраршуда аз байни онҳо 2006 нафарро тибқи вазифаҳои номбурда интихоб ва ба кори муваққатӣ дар Марказ ҷалб мекунанд.

Лозим ба зикр аст, ки тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 45 маркази имтиҳонӣ ташкил карда мешавад. Фаъолияти марказҳои имтиҳонӣ аз 1-уми июл оғоз мешавад ва кормандони интихобшуда дар ин марказҳо фаъолият хоҳанд кард.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон