Душанбе, 26-уми майи соли 2022
26-юми майи соли ҷорӣ дар бахши минтақавии маркази миллии тестӣ дар шаҳри Хуҷанд семинарҳои омӯзишӣ барои тренерони кормандони муваққатии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Семинарҳои омӯзишӣ аз 26-ум то 27-уми май идома ёфта, дар он 12 нафар намояндаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ширкат мекунанд. Мақсад аз баргузории семинар омодагӣ ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2022 ва гузаронидани имтиҳонҳо мебошад. Дар баробари ин, аз ҷумлаи кормандони бахшҳои минтақавии Марказ 4 нафар ба семинарҳои омӯзишӣ ҷалб карда мешаванд ва ҳамроҳ бо тренерон дар давоми моҳи июни соли ҷорӣ дар 5 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд семинарҳои омӯзишии кормандони муваққатии марказҳои имтиҳониро ташкил ва баргузор менамоянд.