Душанбе, 5-уми феврали соли 2018
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиш ва интихоби роҳбарон, ёварони роҳбарон ва бақайдгирандагони нуқтаҳои бақайдгирӣ ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани раванди бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 аз 5-уми феврали соли ҷорӣ семинарҳои омӯзиширо барои кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ оғоз кард.
Мувофиқи нақша дар 38 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 42 нуқтаи доимии бақайдгирӣ бо теъдоди 136 истгоҳи корӣ ва дар 14 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ таъсис дода мешавад.
Тибқи эълон 410 нафар хоҳишманд бо мақсади иштирок дар озмун барои интихоби кормандони муваққатӣ ариза (бо ҳуҷҷатҳои дигар) пешниҳод намудаанд. Аз ин шумора, мувофиқи таҳлилу баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодкарда, 330 нафар шахси аризадода ба семинарҳои омӯзишӣ ҷалб карда мешаванд.
Барои ташкилу баргузории семинарҳои омӯзишӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Хоруғ аз ҷумлаи кормандони Марказ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст. Тибқи барнома семинарҳои омӯзишӣ барои 12 гурӯҳ дар шаҳрҳои зикршуда то 17-уми феврал давом меёбад.
Дар асоси озмун шахсони ба талабот ҷавобгӯй ва донишу маҳорати бештардошта барои кор дар нуқтаҳои бақайдгирӣ интихоб карда мешаванд.
Маркази миллии тестии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон