Душанбе, 22-юми январи соли 2018
Дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон шурӯъ аз 22-юми январи соли ҷорӣ семинар-машварати омӯзишӣ барои таблиғгарони низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (минбаъд – ИМД) дар сатҳи ҷумҳурӣ барои соли 2018 ба кори худ оғоз кард.
Дар баробари мавзӯъҳои маъмулие, ки ҳамасола оид ба онҳо ба иштирокдорони ин чорабинӣ шарҳу иттилоот пешниҳод мегардид, соли ҷорӣ доир ба як қатор навгониҳои низоми ИМД, аз қабили пешномнависӣ (бақайдгирии пешакии довталабон дар ҳолати “бархат” (онлайн)), кори хаттӣ (эссе) ва хизматрасонии ”Худро бисанҷ” дарсҳои алоҳида ба нақша гирифта шудааст. Иштирокдорони семинар-машварати омӯзишӣ аз ҳисоби кормандони масъули раёсату шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таълимӣ интихоб шудаанд.
Дар доираи курси омӯзишӣ баромади роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.
“Асри 21 - асри технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба шумор меравад. Мусаллам аст, ки бидуни истифода ва татбиқи воситаҳои муосири он, аз ҷумла воситаҳои телекоммуникатсионӣ ба мисли шабакаи Интернет, роҳандозии самараноки низоми ИМД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриимкон мегардид” – мегӯяд директори Марказ Хуршед Икромӣ. “Бинобар ин, барои мо истифодабарии босамару ҳадафманди воситаҳои технологияи муосири иттилоотӣ аз ҷониби довталабон, аз ҷумла аз система ва хизматрасониҳои муосири телекоммуникатсионие, ки ҷиҳати боз ҳам қулай ва осонтар кардани иштироки довталабон дар ИМД ва ҳамқадами замони муосир будани онҳо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба довталабон пешниҳод менамояд, бисёр муҳим аст” – таъкид мекунад Х. Икромӣ.
Тибқи “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми августи соли 2015, № 495 тасдиқ шудааст, фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омӯзонидани таблиғгарони низоми ИМД ва омодасозии онҳо барои сари вақт огоҳ намудани ҷомеаи васеъи шаҳрвандон, бахусус омӯзгорону хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ бо тартиб ва ҷузъиёти низоми ИМД–2018 курси омӯзишӣ дар се сатҳ: ҷумҳуриявӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва муассисаҳои таълимӣ ташкилу баргузор мегардад.
Дар доираи 9 дарси пешбинишуда давоми 3 рӯз дар ду сатҳи аввал ва дар давоми моҳи феврал дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ доир ба мавзӯъҳое, ки бевосита ба амалҳои ҳатмии анҷоммедодаи довталабон робита доранд, гуфтугӯҳо сурат мегиранд. Ҳайати кории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барнома ва модули омӯзишӣ барои шарҳу тафсили мавзӯъҳои дарсӣ шаклҳои гуногуни таълими интерактивӣ, аз ҷумла рӯнамоҳои маърӯзавӣ (презентатсияҳо), лексияҳои хурд, маводи тақсимотии чопию электронӣ ва ғайраро омода намудаанд.
Сатҳи аввали омӯзиш барои 96 нафар корманди муваққатии Марказ – таблиғарони чор минтақа: шаҳри Душанбе, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (дар шаҳри Душанбе, маҷлисгоҳи Марказ), вилояти Суғд (дар шаҳри Хуҷанд, гимназияи №24 ба номи Бобоҷон Ғафуров), водии Вахши вилояти Хатлон (дар шаҳри Қӯрғонтеппа, муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №12 ба номи Анварбек Ҳамидов) ва водии Кӯлоби вилояти Хатлон (дар шаҳри Кӯлоб, Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф) рӯзҳои 22-юм – 27-уми январ ташкил ва баргузор мегардад.
Сатҳи дуюми омӯзиш барои 3100 намояндаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоию миёнаи касбӣ дар раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо рӯзҳои 29-ум – 31-уми январ ва сатҳи сеюми омӯзиш барои 124 000 хатмкунандаи муассисаҳои таълимии зикршуда давоми моҳи феврал бевосита дар худи муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар анҷоми омӯзиш донишҳои азхудкардаи иштирокдорони сатҳи аввал вобаста ба мавзӯъҳои пешниҳодшудаи барномаи омӯзишӣ аз тариқи тест санҷида мешавад.
“Ба корҳои зиёди анҷомдодаи Марказ дар самти иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ нигоҳ накарда, боз ҳам мушкилоти муайян вобаста ба интихоби дуруст ва бартаригузории комбинатсияи ихтисосҳо, пешниҳоди саривақтӣ ва воқеии асноди тасдиқкунандаи имтиёзҳо аз ҷониби довталабон, истифодабарӣ аз кабинетҳои инфиродӣ ва сари вақт ҳозир шудани бархе аз онҳо ба марказҳои имтиҳонӣ вуҷуд дорад.”- мегӯяд муовини директори Марказ Раҳмонов Маҳмадалӣ. “Аз ҳамин лиҳоз, бо такя ба мутолеаи камбудиҳои солҳои қаблӣ, тасмим гирифтаем, ки соли ҷорӣ таваҷҷуҳи таблиғгарони ҳама сатҳҳои курси омӯзиширо барои ислоҳи нуктаҳои зикргардида ҷалб намоем” илова мекунад М. Раҳмонов.
Инчунин, тибқи Нақшаи чорабиниҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва гузаронидани ИМД аз 5-уми феврал то 10-уми март, дар баробари мониторинги рафти курси омӯзишӣ дар сатҳи сеюм, вохӯриҳои кормандони муваққатии Марказ бо омӯзгорон ва падару модарони хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо пешбинӣ шудааст.
Хадамоти матбуотии
Маркази миллии тестии назди
Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон