Душанбе, 13-уми феврали соли 2026
Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон семинар – машварат оид ба татбиқи Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон – PISA 2025 (Programme for International Student Assessment) ва таҳияи ҳисоботи миллии PISA 2025 дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Семинар – машварати мазкур бо ташаббуси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, директорон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар оғози семинар – машварат директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ доир ба вазифаю ҳадафҳои Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон – PISA 2025 ва мақсади иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин барнома суханронӣ намуда, дар кори семинар барору муваффақият таманно кард.
PISA таҳқиқоти байналмилалии муқоисавии сифати таҳсилоти умумӣ буда, дар доираи он дониш ва малакаю маҳоратҳои хонандагони 15-солаи муассисаҳои таълимии кишварҳои гуногун дар се бахш – саводи хондан, саводи математикӣ ва саводи илмҳои табиатшиносӣ (физика, химия ва биология) арзёбӣ карда мешавад.
Бояд қайд намуд, ки таҳқиқоти мазкур дар 160 муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе бо иштироки 6257 таълимгиранда гузаронида шуд.
Мақсади асосии таҳқиқот арзёбии саводи амалкардӣ (функсионалӣ)-и таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ ва қобилияти дар амал истифода намудани дониш аст. Таҳқиқот даврӣ буда, ҳар чор сол як маротиба аз тарафи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) баргузор мегардад. Таҳқиқоти мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо амалӣ карда шуд.
Тазаккур бояд дод, ки мувофиқи созишномае, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд ба имзо расонидааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон (PISA) иштирок мекунад.








