Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

САНГИ БАДГАВҲАР АГАР КОСАИ ЗАРРИН ШИКАНАД...

Нашр шуд: 15 Феврали 2018
Диданд: 1272

Душанбе, 15-уми феврали соли 2018

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намудаанд, ки «озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунем”.

Воқеан, масъалаи таъмин ва нигаҳдошти суботу якпорчагии миллӣ ба як стратегия давлатии кишвари мо табдил ёфта, дар зимни он тақдири ҳар як фарди кишвар чун масъалаи муҳим арзёбӣ мегардад. Дар замони муосир тавре ба назар мерасад, фазои иттилоотиву тарғиботии Ғарбу Шарқ махлут гардида, барои таъсиррасонӣ ба тафаккури наврасону ҷавонон дар набарданд. Далели ин гуфтаҳо иштироки бархе аз ҷавонони ноогоҳу зудбовар дар ҷангҳои дохилии кишварҳои арабӣ буда метавонад. Бо дарназардошти муҳиммияти масъалаи мазкур волидайн, омўзгорону донишмандони бахшҳои сиёсатшиносӣ, педагогика, равоншиносӣ, хуқуқшиносиро мебояд чораҳои зарурӣ ва бетаъхир биандешанд, то сари вақт пеши роҳи чунин зуҳуроти воқеан нангин гирифта шавад.

Зимнан коре бояд кард, ки ба таносуби дин ва сиёсат баҳои воқеӣ дода шавад. Зеро муносибати байниҳамдигарии сиёсату дин дар ҳама давру замон дар як сатҳ карор надошт ва дошта ҳам наметавонад. Онҳо чун шаклҳои шуури ҷамъияти тамоми тағйиротҳои сифатии инкишофи ҷомеаро дар раванди таърих ифода менамоянд. Ба муносибатҳои байнҳамдигарии сиёсат ва дин ҷараёну авомили мухталиф таъсиррасон мебошанд. Аз ин лиҳоз, сатҳи ин муносибатҳо аз вазъи ташаккули ҷараёну воқеоти ҷамъиятӣ вобаста мебошад.

Дар моддаи 26-уми Конститутсияи Тоҷикистон омадаст, ки ҳар як кас ҳақ, дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динерo пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳoи динӣ иштирок намояд.

Имрӯзҳо бо дарназардошти нақши дин ва фарҳанги динӣ дар ташаккули ҷомеаи муосир Ҳукумати мамлакат сиёсати самаранокеро дар ин самт татбиқ менамояд. Дар кишвари мо шароити мусоиди фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ муҳайё мебошад.

Аммо мутаасифона, чунин шароити хуби фазои маънавиро роҳбарон ва аъзоёни ҳизби ифротию террористии ҲНИТ нодида гирифта, даст ба ҷинояту хиёнат заданд. Онҳо берун аз кишвар дар манотиқи гуногун бо дастгирии хоҷагони худ бо ҳар василае тафриқаандозӣ дар миёни ҷомеаро ба роҳ мемонанд, бо хар роҳу усул кӯшиш доранд, мардумро ба ғафлату гумроҳӣ андозанд. Чунин амалкардҳои нангини ТЭТ ҲНИТ буд, ки фаъолияти он дар марзи муқаддаси Ватани мо мамнуъ эълон гардид. Новобаста аз ин, ҳоло ҳам иддеа аз манфиатхоҳони ин гурӯҳ, аз ҷумла хоини миллату мазҳаб Сайидюнуси Истаравшанӣ ва ҳаммаслаконаш аз ҳар сӯрохие сар бурун карда, бо таъсиси анҷуману фирқаҳои дасисаангез ҷониби давлату миллати худ санги маломат мезананд. Бехабар аз он, ки чунин найрагу дасисабозиҳо дигар обрӯи давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ коҳиш намедиҳад. Зеро имрӯз тамоми ҷаҳон аз сиёсати оқилона ва ташабусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат огоҳанд ва огоҳии комиле низ аз қатлу куштор ва сиёсатҳои духӯраву дугонаи ташкилоти ифротию террористии ҲНИТ доранд.

 

Санги бадгавҳар агар косаи заррин шиканад,

Қимати санг наяфзояду зар кам нашавад.

 

Маъруф Шонасурдинов,

мудири бахши таҳсилоти динии Кумита

 

Бознашр аз сомонаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳоимиллии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (http://din.tj/?q=node/635).

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон