Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

САДА – МУЖДАИ НАВРӮЗ

Нашр шуд: 31 Январи 2018
Диданд: 1752

Душанбе, 31-уми январи соли 2018

Чу шамъ ар бисӯзӣ, шавад равшанат,

Ки равшандилӣ ҳам зи сӯзандагист.

Халқи тоҷик дорои таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои миллии хеш мебошад, ки таърихи 2500 – 3000-соларо дорост. Ба қатори ҷашнҳои аҷдодӣ се иди пуршукӯҳ – Наврӯз, Меҳргон ва Сада дохиланд.

Солиёни охир ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон эҳё гашта, таҷлилашон анъана шуда бошад ҳам, иди Сада то андозае норӯшан мондааст, ҳол он ки доир ба ин ҷашн низ дар тазкираҳо ва ҳам достонҳову ривоятҳо маълумоти кофӣ ва асоснок мавҷуд аст.

Ҷашни Сада мувофиқи солшумории шамсӣ ба шоҳи охирини хонадони Сосонӣ Яздигурди Шаҳривар нисбат дода мешавад ва дар рӯзи даҳуми моҳи Баҳман, яъне 30-31-уми январи солшумории мелодӣ таҷлил мегардид.

Аз рӯйи маълумоти адиб ва муҳаққиқ Абурайҳони Берунӣ ҷашни Садаро ба шарафи аз хонааш баромадани офтоб ва ба баҳор майл намудани офтоб ва ба баҳор руй овардану гармиро эҳсос кардани замин қайд мекарданд.

Чи тавре ки зикр шуд, ҷашни Садаро дар моҳи нахустини офаридагори некӣ – Аҳурамаздо таҷлил мекарданд, ки номи ин моҳ Баҳман аст. Баҳман номи фариштаи некӣ буда, кирдори нек, гуфтори нек ва пиндори некро таълим медод. Офарандаи ранги сафед, ки нишонаи рушноӣ аст, низ ҳамин фаришта буда, покиро ифода мекунад.

Доир ба пайдоиш ва такомули ҷашни Сада бисёре аз фарзандони фарзонаи миллат маълумоти пурқиммат додаанд. Аз ҷумла, муаллифони «Таъ­рихи Табарӣ», «Таърихи Балъамӣ», «Шоҳнома», «Зайн-ул-ахбор», «Осор-ул-боқия», ки Муҳаммади Наршахӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абдулҳаи Гардезӣ, Абурайҳони Берунӣ эҷод намудаанд, ин ид зикр ва шарҳ ёфтааст.

Муаллифи асари безавол ва нотакрори «Шоҳнома» Абулқ­осими Фирдавсӣ овардааст, ки шоҳ Ҳушанги Пешдодӣ рӯзе ба шикор меравад. Ҳангоми шикор мори калони сиёҳеро рӯйи санг мебинад ва санге ба сӯйи мор меандозад. Мор аз рӯйи санг меафтад ва пинҳон мешавад. Санги партофтаи шоҳ ба харсанг бармехӯрад ва шарора мепарад ва ҳамин тавр аввалин маротиба оташ тавлид мегардад. Шоҳ фармон медиҳад, ки ин рӯз ба муносибати пайдоиши оташ минбаъд ҷашн гирифта шавад.

Шаб омад биафрӯхт оташ чу кӯҳ,

Ҳамон шоҳ бар гирди ӯ бо гурӯҳ.

Яке ҷашн кард он шабу бода вард,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе боз чун ӯ дигар шаҳриёр....

Абусаид Абдулҳаи Гардезӣ дар асари худ «Зайн-ул-ахбор» оид ба оташафрӯзӣ ва сабаби таҷлили Сада чунин овардааст: «Вазири Заҳҳок Армоил мувофиқи амри шоҳ мебоист барои морони шоҳ ду мардро кушта, майнаи сари онҳоро ба морон пухта медод. Армоил, ки шахси раҳмдил ва инсонпарвар буд, аз он ду мард якеро мекушту дигареро раҳо менамуд ва мегуфт, то аз ҷаҳониён пинҳон шудӣ, ба ҷое, ки кас хабари эшон наёфтӣ, бирав». Ва онҳо ҳама дар кӯҳи Дамованд (воқеъ дар Эрон) пинҳон мешуданд.

Ин ҳол то замоне, ки салтанати Заҳҳок завол гардиду морони ӯ кушта шуд давом намуд. Чун ба сари тахт Фаридун омад, хост ҳамаи нукарон ва зердастони Заҳҳокро ҷазо диҳад. Армоил барои он ки бегуноҳии худро собит намояд ва дар иҷрои амри шоҳ Заҳҳок маҷбур буданашро фаҳмонад, ба кӯҳи Дамованд қосид мефиристад ва ба он мардоне, ки озодашон намуда буд, мефармояд, ки баъди фаро расидани торикӣ ҳар кадоме як гулхан афрӯзад.

Мардони раҳоёфта, амри Армоилро иҷро менамоянд. Фаридун он сад гулхани фурӯзонро дида, гуноҳи Армоилро мебахшад ва вилояти Дамовандро ба ӯ туҳфа менамояд.

Ҳамин тавр, пас аз ин таҷли­ли ҷашни Сада вобаста ба ҳамин сад гулхани фурӯзон ба расмият даромад».

Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чаро аҷдодони мо дар таҷлили ҷашни Сада оташро маҳак меҳисобанд? Чаро мин­баъд оташ ҳамчун як унсури муқаддас вориди оини Зартушт гардид, ки аз он парасторӣ мекарданд?

Барои посух тaъбирe латиф ва пурмазмун ба назар мерасад, ки рушанӣ ва оташ волотарин мазҳари вуҷуди ҳастӣ аст ва мори сиёҳ нишони то­рикӣ, ҷаҳл, беморӣ, аҷал ва кулли бадиҳост. Чун оташ барафрӯхта мешавад, нишони шарри аҳриманӣ нопадид мегардад. Бемориву ҷаҳлу зиштӣ ҷое роҳ меёбанд, ки донишу зебоӣ ва хираду саломатӣ набошад.

Мардуми ориёинажод воба­ста ба муҳиту шароити маҳалли зисти худ ин ҷашнро пуршукӯҳу пуртантана таҷлил менамуданд.

Эрониён ва мардуми Хуросон аз рӯи оини қадими Зар­туштӣ дар ҷашни Сада дар талу теппаҳо, ҷойҳои баланди хушҳаво ҳезуми зиёдеро ғарам намуда, гулхан меафрӯхтанд. Барои меҳмонон, шоҳону ашрофон ҷойҳои махсус таҳия на­муда, дастурхонҳои пурнозу неъмат омода месохтанд. Дар даромадгоҳҳои аркҳо шамъҳои бузургеро даргиронда, сипас меҳмононро ба базмгоҳ даъват менамуданд.

Ҳангоми авҷи базм зоғҳову бошаҳоро ба осмон cap медоданд. Дар панҷаҳои онҳо чормағзҳои нафтолуд мебастанд ва оташ мезаданд, ки аз шӯълаи оташ шаҳр ё мавзеъ чун рӯз равшан мегардид.

Таърихшиноси қарни X Муҳам­мади Наршахӣ навишта буд, ки дар Бухоро оташи калоне афрӯхта Садаро ид мекарданд, ба мисли Эрону Хуросон. Мардуми Бухоро онро шаби Сурт меномиданд.

Дар Кирмони Эрон дар ғуруби офтоб мӯбадон бо либоси вижаи сафед, лола ба дасту замзамакунон ба суруди оташниёиш гирди пуштаи ҳема се бор мегарданд ва он гоҳ бо оташе, ки дар лолаҳо месӯзад, ба атроф оташ меафрӯзанд ва то ҳангоме ки оташ хомӯш шавад, ба ҷашну пойкӯбӣ мепардозанд. Ин маросимро Садасӯзӣ мегӯянд, ки се рӯз давом мекунад.

Дар тӯли таърих халқи бофарҳанги мо пайваста дучори тохту тоз ва қатлу ғорати бодиянишинон ва ғосибони чашмносери зиёде гардидааст. Чунин сарнавишти талх насиби ҷашнҳои суннатии мо низ гардид. Ин қавмҳои бодиянишин кӯшиданд, ки ҷашнҳои суннатии моро аз байн бибаранд ва то ҷое дар ин кор муваффақ ҳам шуданд. Аммо дар замони Сомониён, дар давраи тиллоии фарҳанги мо ин ҷашнҳо аз нав эҳё гардиданд, бо шукӯҳу шаҳомати пешин ҷашн гирифта шуданд. Дере нагузашта боз душманони фарҳангу анъанаҳои миллии мо чун мори афъӣ cap бардоштанд. Баъди пош хӯрдани давлати Сомониён ва ба сари қудрат омадани бегонагон, махсусан, дар аҳди Султонмаҳмуди Ғазнавӣ ва писараш Масъуд ин ҷашн манъ гардида буд.

Вале мардуми фарҳангии мо ин ҷашнҳои миллӣ ва деҳқонии худро бо номҳои «Чоршанбесурӣ», «Оташафрӯзӣ», «Алобпаррак», «Чоршанбеи охирон» зинда доштанд ва то айёми мо эътироф ва таҷлил менамуданд.

Агар бар сари маънои луғавии вожаи Сада таваҷҷуҳ намоем, чунин хулоса мебарояд: Сада вожаи форсист. Ва як ришта аз таъвилоту ангезаҳо ба ҳамон адади сад мерасад ва марбут аст ба мавқеияти фаслӣ. Чун сад рӯз аз зимистони бузург сипарӣ мешуд. Эрониён ҷашни Садаро барпо ме­карданд, чун бар он буданд, ки авҷу шиддати сармо си­парӣ шуда. Пас аз ин ҳаво рӯ ба эътидол меравад. Эро­ниён барои мубориза бо ин падидаи аҳриманӣ, ки ба кишту вуруд домҳояшон садамаву зиён мерасанд, оташро, ки ҷилвагаҳу рамзи Аҳуромаздо аст, меафрӯхтанд, то неруҳои аҳри­манӣ заифу нобуд шаванд.

Шоири қасидасарои асри XI Фаррухӣ Садаро қосиди Наврӯз номида, ҷашнгирии онро ба 50 шабу рӯз пеш аз Наврӯз муқаррар намуда, чунин фармудааст:

Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,

Мужда бипзиру бидеҳ хилъату кораш битароз.

Ҷашни Сада ва фарорасии Наврӯзро бароятон табрик мегӯем. Онҳоро эҳё намоед, ҷашн бигиред ва ифтихор аз он намоед, зеро мерос аз ниёгон аст.

 

Корманди Маркази миллии тестии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

М. Шодиев

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон