Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

САДА – ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

Нашр шуд: 30 Январи 2025
Диданд: 1079

Душанбе, 30-юми январи соли 2025

30-юми январи соли 2025 дар толори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Сада бо иштироки роҳбарият ва кормандони Марказ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ бо суханони табрикӣ оғоз намуда, дар бораи аҳаммияти анъанаю ҷашнҳои ниёгон, бахусус ҷашни Сада суханронӣ карда, таъкид дошт, ки нигоҳ доштан ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани фарҳангу тамаддуни худ барои ҳар миллат ва ҳар насли он хеле муҳим аст. Ҷаъфарзода С. Ф. иброз доштанд, ки фарҳанги мо на танҳо таърих, маданият аст, дониши коромаду корсоз, хиради созандаю боровар аст, ки барои мо дар ҳалли ҳар мушкилот чорасоз мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр ҷашнҳо ва арзишҳои дигари фарҳангии мо дубора эҳё гардид. Сада низ дар кишвари фарҳангдӯсту фарҳангпарвари мо ҳамасола расман 30-юми январ ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн рамзи наздикшавӣ ба баҳор аст ва он дар зарфияташ бедории табиат, эҳёи зиндагиро ғунҷонидааст ва ҳамчун ҷашни миллӣ моро ба ваҳдат, ба қадршиносӣ ва ҳифзи реша, ҳувияти миллиамон мехонад ва то чӣ андоза барои миллат муҳим будани инро шумо худ ҳама медонед. Мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки пайванди анъана ва навию навгонӣ, пайванди гузаштаю муосир бештар аз ҳар вақта зарурат дорад, зеро донистани решаҳо ва таъриху фарҳанги гузашта як омили ташаккули худшиносист ва худшиносӣ як омили шинохти арзишҳои миллию давлатӣ, омили ваҳдату ҳамзистӣ аст. Бинобар ин, донистани арзишҳое, ки шахсияти моро ташаккул медиҳад ва нигоҳ доштани онҳо хеле муҳим аст.

Дар идомаи ҷаласа сардори раёсати таҳияи маводди имтиҳони Марказ Азимов Ҷамшед ва сармутахассиси фанни таърихи раёсати таҳияи маводди имтиҳони Марказ Зарифов Насимҷон дар бораи ҷанбаҳои фалсафӣ ва таърихии ҷашни Сада суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” пайдоиши ҷашни Садаро ба подшоҳи дуюми пешдодӣ Ҳушанг нисбат медиҳад. Мувофиқи нигориши шоир Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонид ва ҷашни Садаро бунёд гузошт. Ҳушанг рӯзе ҳамроҳи ёронаш ба шикор рафт. Дар шикоргоҳ мори сиёҳи дарозеро дучор омад, ки ба одамон ҳамла меовард. Санги калонеро бардошта, сӯи мор ҳаво дод ва он санг ба санги дигаре бархӯрда, шарора афканд. Ӯ аз шарора афкандани ду санг ба ҳайрат омада, онро чун шуои фурӯғи яздонӣ пазируфт ва аз ҳамон рӯз бузургдошти оташро ба ҷо овард. Ин маросим ҷашни Сада номида шуд, ки онро халқҳои ориёинажод то имрӯз пос медоранд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки Сада моро аз фарорасии мавсими нав дарак медиҳад, наслҳоро ба ҳам мепайвандад ва ҷомеаро муттаҳид мекунад. Сада мардумро ба шодӣ меораду эҳтиромашонро ба табиат меафзояд.

Дар охири маҷлис 3 нафар аз ҷумлаи кормандони Марказ барои хидматҳои шоён бо сипосномаи Марказ қадргузорӣ карда шуданд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон