Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

РУШДИ САРМОЯИ ИНСОНӢ – КАФИЛИ ПЕШРАФТ

Нашр шуд: 16 Майи 2024
Диданд: 15671

Душанбе, 15-уми майи соли 2024

Аз 14-ум то 15-уми майи соли 2024 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Бонки ҷаҳонӣ, вазоратҳои маориф ва илм; тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ,  инчунин шарикони рушд Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ дар соли 2024 доир гардид.

Дар ин форуми сатҳи байналмилалӣ, ки ду рӯз идома ёфт, намояндагони вазорату идораҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, шарикони рушд, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷавононон, дар маҷмуъ, зиёда аз 350 нафар иштирок карданд.

Ҷаъфарзода Сабзалӣ, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласае (сессияе), ки ба мавзуи “Сифати таҳсилот: мусоидат барои афзоиши сармояи инсонӣ” ихтисос дода шуда буд, маъруза кард. Ӯ дар боби иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон (PISA) 2025 ва интизориҳо аз натиҷаҳои иштирок дар ин барнома ва таъсири он ба  сиёсату стратегия дар маориф ва самти амалии он дар кишвар ибрози назар кард.  Дар идомаи суханронияш, аз ҷумла гуфт: “Мо интизорем, ки натиҷаҳои PISA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сифат ва воқеияти натиҷаҳои таҳсилотро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода, имкон медиҳад, ки омӯзгорон ва дигар алоқамандони соҳа аз таҷрибаи кишварҳои дигар баҳравар шаванд. Натиҷаҳо барои муайян намудани афзалиятҳои сиёсат ва таҳияи дурусти ислоҳоти маориф, аз ҷумла таҳияи усулҳои самараноки таълим, таҳияи сиёсату равишҳои бештар муассир дар арзёбии дастовардҳои таълимии хонандагон мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ ва беҳтар намудани муҳити мавҷудаи таълим барои қонеъ гардонидани талаботи хонандагон истифода мешаванд.”

Мақсад аз баргузории форум таҳияи консепсияи ҳамаҷонибаи фарогири  афзоиши сармояи инсонӣ дар рушди маориф ва соҳаҳои дигар аст.

Форуми мазкур бо мубоҳисаи иштирокдорон дар бораи сифати таҳсилот, рушди сармояи инсонӣ дар шароити феълии Тоҷикистон ва масъалаҳои дигари дахлдор ба анҷом расид.

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон