Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

РИОЯИ ҚОНУН – НИШОНИ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНД ВА ОМИЛИ МАНФИАТҲОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

Нашр шуд: 12 Октябри 2023
Диданд: 1704

Душанбе, 10-уми октябри соли 2023

Таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо вазифаи мақомоти прокуратура набуда, балки саҳм гирифтан дар он ва мусоидат кардан рисолати шаҳрвандии ҳар узви ҷомеа маҳсуб мешавад.

Ин нуктаро прокурори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наботов Мироҷиддин дар ҷаласае, ки рӯзи 10-уми октябри соли 2023 дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) баргузор гардид, қайд кард. Мазкур  аҳли ҷаласа – кормандони Марказро аз он иттилоъ дод, ки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати риоя ва иҷрои талаботҳои “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”‑ро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2023, № 188 тасдиқ шудааст, мавриди санҷиш қарор дод. Ин санҷиш фаъолияти Марказро дар самтҳои бақайдгирии довталабон барои ширкат дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023, ташкилу баргузории ин имтиҳонҳо, додани имтиёзҳо ба гурӯҳҳои дахлдори довталабон, роҳандозии озмунҳои тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаву олии касбии ҷумҳурӣ, ҳолати баррасии аризаҳои аппелятсионӣ ва монанди инҳоро дар бар гирифта буд.

Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки фаъолияти Марказ, умуман, аз лиҳози риояи Тартиби мазкур ва асноду қонунҳои дахлдори дигар хуб аст. Чунончи, аз ҷониби довталабон ворид нашудани ягон дона аризаи апеллятсионӣ дар бораи вайрон гардидани тартиби муқарраршудаи имтиҳонҳо дар соли 2023 як далели ин аст. Аммо, бо вуҷуди ин, баъзе камбудию норасоӣ ё иштибоҳу нуқсонҳо дар баъзе аз самтҳои ИМД ба мушоҳида мерасиданд, – қайд кард Наботов М. – намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Наботов М. камбудию иштибоҳоти дар рафти санҷиши Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳидашударо зикр кард. Заъфу нокифоягии корҳои иттилоърасонию таблиғотӣ дар байни довталабон ва волидайни онҳо, ширкати ғайрифаъол ё тамоман иштирок накардани комиссияҳои ҷамъиятӣ дар баъзе аз марказҳои имтиҳонӣ барои назорати раванди имтиҳонҳо, ғалатҳо зимни барасмиятдарории бархе ҳуҷҷатҳо аз ҷумлаи масъалаҳоеянд, ки барои беҳтар кардани кор вобаста ба онҳо Марказ бояд чораҷӯӣ кунад, – иброз дошт ӯ.

Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ – директори Марказ бо изҳори сипос аз намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки ҳамкориҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар назар гирифтани тавсияву маслиҳатҳои мутахассисони ин соҳаҳо барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии кормандон, бартараф кардани камбудию ғалатҳо, минбаъд роҳ надодан ба иштибоҳот, такмили низоми ИМД ва дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани ин имтиҳонҳо ва беҳбудии кори Марказ мусоидат хоҳад кард.

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон