Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

«Раҳнамо» – раҳнамои довталабон

Нашр шуд: 19 Декабри 2014
Диданд: 1106

Душанбе, 19-уми декабри соли 2014

Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ боз як ташкилоти нави ҳизбӣ аз ҳисоби кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Назира Азимова, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо кормандони марказ борҳо суҳбат намуда, Оиннома ва Барномаи ҲХДТ-ро ба онҳо ошно сохт. Ҳамин буд, ки дар дили ҷавонони зиёде хоҳиши ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шомил шудан пайдо шуд. Дар як муддати кӯтоҳ ба унвонии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ зиёда аз 12 нафар кормандони марказ барои ба сафи ҳизб дохил шудан ба таври хаттӣ муроҷиат намуданд.

Бояд зикр кард, ки то ин дам дар марказ 10 нафар аъзои ин ҳизби бонуфузи ҷумҳурӣ фаъолият мекарданд. Бинобар ин, аз ҳисоби кормандони Маркази миллии тестӣ ташкилоти нави ҳизбӣ таъсис дода шуд, ки он бо таклифу пешниҳоди аъзо «Раҳнамо» унвон гирифт. Аъзои ҳизб ба раисии ташкилоти навтаъсис директори муассиса Хуршед Тешаев ва ба муовинии он корманди соҳибтаҷриба Маҳмадалӣ Раҳмоновро интихоб намуданд.

Муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Носирҷон Мирзоев зимни баромади хеш дар бораи масъулияти аъзои ҳизб ва вазифаҳои асосии онҳо, бахусус дар давраи маъракаҳои сиёсӣ, аз ҷумла, интихоботи қарибулвуқӯъ изҳори андеша намуд. Ҳамчунин, мавсуф оид ба вазифаҳое, ки Анҷумани XII ҲХДТ дар назди ҳар аъзо ва кормандони масъули ҳизб гузошт, маълумоти мухтасар дод.

Хуршед Тешаев, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Раҳнамо» аз ҷумла изҳор кард, ки вазифаи асосӣ ва аввалиндараҷаи кормандони марказ ба довталабон, волидайну аҳли ҷомеа расонидани маълумоти мушаххаси илмӣ ва раҳнамоӣ кардани довталабон аз тариқи барномаҳои мукаммали тестӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои  таҳсилоти олии касбии кишвар мебошад.

Ногуфта намонад, ки аз ин пас мо худро дар масоили сиёсии кишвар ва ҳаллу фасли онҳо чун узви ҳизб масъул меҳисобем ва барои расидан ба ҳадафҳое, ки аз Оиннома ва Барномаи ҳизб бармеоянд, талош хоҳем кард, гуфт Хуршед Тешаев.

Дар охир ба 12 нафар аъзои нав шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон