Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ПРЕЗИДЕНТ – КАФИЛИ ПОЙДОРИИ СУЛҲУ ВАҲДАТ

Нашр шуд: 15 Ноябри 2024
Диданд: 1685

Душанбе, 14-уми ноябри соли 2024

 Таърихи куҳандиёри тоҷикон пур аз воқеаҳои бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ аст, ки дар сарнавишти халқи мо нақши тақдирсоз бозидааст. Дар баробари соҳибистиқлол шудан халқу миллати моро роҳбаре насиб гашт, ки тавонист мардуми парешонгаштаи тоҷикро муттаҳид ва дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор карда, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшад.

Таҷлил намудани санаҳои таърихиву тақдирсоз дар кишварҳои гуногун таърихи хеле қадимӣ дорад. Ҷомеаҳои мутамаддин ҳамеша санаҳои сарнавиштсоз ва муҳимро гиромӣ дошта, ба хотири арҷ ва эҳтиром гузоштан чунин рӯзҳоро бо шукӯҳу тантанаи хос таҷлил менамоянд.

Бо ин мақсад имрӯз дар Маркази миллии тестии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо иштироки кормандони он ва раиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидзода Фозил Саид, муовини раиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон Қосимӣ Файзулло ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд.

Дар оғози маҷлис директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ дар бораи ин санаи муҳимми таърихӣ суханронӣ кард.

Дар идома Раиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон Обидзода Фозил Саид суханронӣ карда, ин санаи фархундаро ба ҳамаи иштирокдорони ҷаласа муборакбод гуфт.

 

Зикр гардид, ки ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд.

 

Таъкид шуд, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароите ба саҳнаи сиёсат ворид гардид, ки низоми сиёсии давлат фалаҷ гардида, давлат дар ҳолати нобудшавӣ қарор дошт. Ҷанги шаҳрвандӣ ва бозиҳои сиёсии гурӯҳу давлатҳои манфиатхоҳ суботу оромии ҷомеаро аз байн бурда буданд. Дар ин давраи ҳассос ва душвор Эмомалӣ Раҳмон бо андешаи барқарории сулҳу ваҳдат аз байни мардум ва барои мардум ба саҳнаи сиёсат ворид гардида, фаъолияти худро оғоз намуд. Маҳз ҷонфидоӣ, талошҳо ва ҷасорати Эмомалӣ Раҳмон омиле шуд, ки суботу ҳамгироии миллӣ дар мамлакат барқарор гардида, ваҳдати миллӣ тантана ёфт. Имрӯз дар фазои субот, ҳамгироӣ ва ваҳдату якдилӣ рушд намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи фаъолияти сулҳофаринии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон