Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ПРЕЗИДЕНТ – КАФИЛИ ПОЙДОРИВУ БАРДАВОМИИ ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН

Нашр шуд: 16 Ноябри 2023
Диданд: 8627

Душанбе, 16 ноябри соли 2023

16-уми ноябри ҳар сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ид таҷлил мегардад. Ин рӯз чун нишони арҷгузории хидматҳои бузургу таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашн гирифта мешавад.

 Ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳаммияти зиёди сиёсию тарбиявист. Бо таҷлили ин рӯз ҷомеаи кишвар, қабл аз ҳама, ба дарки нақши Президент дар рушду пешрафти давлат мерасанд. Инчунин, нақши ниҳоди президентӣ дар таҳкиму тақвияти муносибатҳои ҷамъиятию таъмини амнияти миллӣ дарк карда мешавад.

Ба муносибати ин рӯзи таърихӣ – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-уми ноябри соли 2023 дар маҷлисгоҳи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи идона баргузор шуд.

Ҷаласа бо сухани директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ оғоз гардид. Ӯ, аз ҷумла қайд кард, ки ҷашн гирифтани Рӯзи Президент дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон собиқаю таърихи хеле қадим дорад ва имрӯз дар як қатор давлатҳо чунин рӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҳамчун ид таҷлил мешавад. Парлумони Тоҷикистон соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” илова ворид кард, ки дар асоси он 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин муқаррарот бо дарназардошти саҳми шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ сурат гирифтааст.

Директори Марказ Ҷаъфарзода С. Ф. вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванд будани арҷгузории талошу заҳматҳои фарзанди неки миллат ва абармарди хираду сиёсат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар пайравӣ ба ӯ саҳм гузоштан дар рушди устувори Тоҷикистонро таъкид карда, дар хотимаи сухан ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфт.

Баъдан дар бораи ҷаҳду талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси сарвари кишвар барои ҳалли муҳимтарин масъалаҳои сиёсию иҷтимоӣ, аз ҷумла хотима гузоштан ба ҷанги бародаркуш, баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ, ба эътидол овардани вазъи мамлакат, гирифтани аслиҳа аз дасти гурӯҳҳои силоҳбадаст, ба ҳам овардани тамоми сокинони ҷумҳурӣ, ба даст даровардан ва барқарории сулҳу ваҳдати комил дар саросари қаламрави кишвар, наҷоти аҳолии мамлакат аз фақру камбизоатӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мутахассиси фанни забони тоҷикии Марказ Сабуров Абдуҳаннон барои аҳли маҷлис маъруза кард. Дар атрофи мавзуъ чанд нафар аз кормандони Марказ ва мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Гадоев Абдурасул музокира ва изҳори андеша намуданд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон