Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ОЗМУН БАРОИ ИНТИХОБИ ТРЕНЕРОН

Нашр шуд: 04 Апрели 2023
Диданд: 3932

Душанбе, 4-уми апрели соли 2023

 

Маркази миллии тестии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

ЭЪЛОНИ

озмун барои интихоби тренерон

 

Мансаб: тренер (35 ҷой);                                                                     

 

Муддати кор: 12 рӯз (аз 29-уми май то 9-уми июн бо имкони тамдид).

 

Макони иҷрои вазифа: ш. Душанбе – 10 нафар,  н. Рашт – 1 нафар, ш. Хуҷанд – 4 нафар, ш. Истаравшан – 1 нафар, ш. Исфара – 1 нафар, ш. Конибодом – 1 нафар, ш. Панҷакент – 1 нафар, н. Б. Ғафуров – 1 нафар, ш. Бохтар – 4 нафар, ш. Кӯлоб – 4 нафар, н. Восеъ – 1 нафар, н. Данғара – 1 нафар, н. Ёвон – 1 нафар, н. Кӯшониён – 1 нафар, н. Ҷ. Балхӣ – 1 нафар, н. Шаҳритус – 1 нафар,  ш. Хоруғ – 1 нафар

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Марказ) бо мақсади ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (минбаъд – ИМД) дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ таъсис медиҳад. Барои идораи раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ кормандони муваққатӣ ҷалб ва омӯзонида мешаванд. Бо мақсади омӯзонидани ин кормандони муваққатӣ Марказ барои интихоби тренерон озмун эълон менамояд. Кормандони интихобгардида, ҳамчун тренер, барои ташкил ва баргузор намудани семинарҳои омӯзишии кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ масъул мешаванд.

Вазифаҳои асосӣ:

• омода намудани макони баргузории семинарҳои омӯзишӣ;

• ташкил ва баргузории семинарҳои омӯзишии кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ;

• интихоби кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ дар асоси меъёрҳои муқарраркардаи Марказ пас аз омӯзиш;

• супоридани ҳисоботи хаттии ҷамъбастӣ оид ба рафти семинарҳои омӯзишӣ;

• пешниҳод намудани рӯйхати иштирокдорони семинарҳои омӯзишӣ, ки дар асоси озмун ба вазифаҳои гуногун интихоб гардиданд.

Талаботи тахассусӣ:

• дорои таҳсилоти олӣ будан;

• собиқаи педагогии на камтар аз 5 сол;

• доштани маҳорати созмондеҳӣ: ташкили чорабиниҳои васеъ бо иштироки шумораи зиёди иштирокдорон;

• малакаи кор дар ташкил ва баргузории семинарҳои омӯзишӣ;

• маҳорати хуби муошират;

• малакаи озодона суҳбат кардан ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.

Интихоби тренерон дар асоси озмун ба роҳ монда мешавад. Хоҳишмандон бояд маълумотварақаро ба забони тоҷикӣ пур кунанд. Сипас нусхаи маълумотварақа, нусхаи рангаи шиноснома (бо нишон додани ҷойи зист), нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда, нусхаи рақами инфиродии суғуртавӣ ва нусхаи маълумотномаро аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк“ оид ба суратҳисоби корти пластикӣ (шакли 8) замима карда, ба суроғаи Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ирсол намоянд. Нусхаи ҳуҷҷатҳои бесифат пешниҳодшуда (агар равшану хоно набошанд) ба эътибор гирифта намешаванд.

Муҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун: 12-уми апрели соли 2023, то соати 16:00.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон