Душанбе, 4-уми апрели соли 2024
ЭЪЛОНИ
озмун барои интихоби тренерон
Мансаб: тренер (62 ҷой);
Муддати кор: 8 рӯз (аз 10-ум то 17-уми июн бо имкони тамдид).
Макони иҷрои вазифа: ш. Душанбе – 16 нафар, н. Рашт – 1 нафар, ш. Хуҷанд – 8 нафар, ш. Истаравшан – 4 нафар, ш. Исфара – 2 нафар, ш. Конибодом – 2 нафар, ш. Панҷакент – 1 нафар, н. Бобоҷон Ғафуров – 1 нафар, ш. Бохтар – 8 нафар, ш. Кӯлоб – 8 нафар, н. Восеъ – 1 нафар, н. Данғара – 2 нафар, н. Ёвон – 2 нафар, н. Кӯшониён – 1 нафар, н. Ҷалолиддини Балхӣ – 2 нафар, н. Шаҳритус – 2 нафар, ш. Хоруғ – 1 нафар
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Марказ) бо мақсади ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (минбаъд – ИМД) дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ таъсис медиҳад. Барои идораи раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ кормандони муваққатӣ ҷалб ва омӯзонида мешаванд. Бо мақсади омӯзонидани кормандони муваққатӣ Марказ барои интихоби тренерон озмун эълон менамояд. Шахсони интихобгардида, ҳамчун тренер, барои ташкил ва баргузор намудани семинарҳои омӯзишии кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ масъул мешаванд.
Вазифаҳои асосӣ:
• омода намудани макони баргузории семинарҳои омӯзишӣ;
• ташкил ва баргузории семинарҳои омӯзишии кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ;
• интихоби кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ дар асоси меъёрҳои муқарраркардаи Марказ пас аз омӯзиш;
• супоридани ҳисоботи хаттии ҷамъбастӣ оид ба рафти семинарҳои омӯзишӣ;
• пешниҳод намудани рӯйхати иштирокдорони семинарҳои омӯзишӣ, ки дар асоси озмун ба вазифаҳои гуногун интихоб гардиданд.
Талаботи тахассусӣ:
соҳиб будан ба:
• таҳсилоти олӣ;
• собиқаи педагогии на камтар аз 5 сол;
• маҳорати созмондеҳӣ: ташкили чорабиниҳои васеъ бо иштироки шумораи зиёди иштирокдорон;
• малакаи кор дар ташкил ва баргузории семинарҳои омӯзишӣ;
• маҳорати хуби муошират;
• малакаи озодона суҳбат кардан ба забонҳои тоҷикӣ ва ё русӣ.
Интихоби тренерон дар асоси озмун ба роҳ монда мешавад. Хоҳишмандон бояд маълумотварақаро ба забони тоҷикӣ пур кунанд. Сипас нусхаи маълумотварақа, нусхаи рангаи шиноснома (бо нишон додани ҷойи зист), нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда, нусхаи рақами инфиродии суғуртавӣ ва нусхаи маълумотномаро аз Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” оид ба суратҳисоби корти пластикӣ (шакли 8) замима карда, ба суроғаи Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ирсол намоянд. Нусхаи ҳуҷҷатҳои бесифат пешниҳодшуда (агар равшану хоно набошанд) ба эътибор гирифта намешаванд.
Муҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун: 12-уми апрели соли 2024, то соати 16:00.