Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ОЗМУН БАРОИ ИНТИХОБИ МАЪМУРИ ИМТИҲОН ВА ЁВАРИ МАЪМУРИ ИМТИҲОН ДАР МАРКАЗИ ИМТИҲОНӢ

Нашр шуд: 15 Апрели 2025
Диданд: 4436

 ЭЪЛОНИ

озмун барои интихоби маъмури имтиҳон ва ёвари маъмури имтиҳон дар маркази имтиҳонӣ

 

Мансаб:      маъмури имтиҳони маркази имтиҳонӣ (1338 ҷой);

                      ёвари маъмури имтиҳон дар маркази имтиҳонӣ (666 ҷой).

Муҳлат:      9 (нуҳ) рӯз (аз 30-юми июн то 8-уми июл бо имкони тамдид). 

Макони иҷрои вазифа: ш. Душанбе – 528 нафар,  ш. Турсунзода – 48 нафар, н. Рашт – 42 нафар, ш. Хуҷанд – 210 нафар, ш. Истаравшан – 84 нафар, ш. Исфара – 42 нафар, ш. Конибодом – 42 нафар, ш. Панҷакент – 84 нафар, н. Б. Ғафуров – 84 нафар, ш. Бохтар – 168 нафар, ш. Кӯлоб – 168 нафар, н. Восеъ – 84 нафар, н. Данғара – 84 нафар, н. Ёвон – 84 нафар, н. Кӯшониён – 42 нафар, н. Ҷ. Балхӣ – 84 нафар, н. Шаҳритус – 84 нафар, ш. Хоруғ – 42 нафар.

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) бо мақсади ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ таъсис медиҳад. Барои идораи раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ кормандони муваққатӣ ҷалб ва омӯзонида мешаванд. Бо ин мақсад Марказ барои интихоби маъмурони марказҳои имтиҳонӣ ва ёвари маъмурони имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ озмун эълон менамояд. Кормандони интихобгардида барои ташкил ва идораи раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ масъул мешаванд.

Вазифаҳои асосӣ:

• омода намудани маркази имтиҳонӣ барои баргузории ИМД;

• иштироки фаъолона дар ташкил ва баргузории ИМД;

• назорати воридшавии довталабон ба маркази имтиҳонӣ ва ташкилу баргузории имтиҳонҳо дар дохили синфхона тибқи тартиби муқарраргардида;

• пешниҳоди ҳисоботи ҳаррӯза ва ҷамъбастӣ ба роҳбари маркази имтиҳонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ:

доро будан ба:

• таҳсилоти олӣ, олии нопурра ё миёнаи касбӣ;

• собиқаи педагогии на камтар аз 3 сол;

• малакаи зарурии кор дар ташкил ва баргузории имтиҳонҳо;

• маҳорати хуби муошират;

• малакаи озодона суҳбат намудан бо забонҳои тоҷикӣ ва ё русӣ.

Интихоби маъмури маркази имтиҳонӣ ва ёвари маъмури имтиҳон дар маркази имтиҳонӣ дар асоси озмун ба роҳ монда мешавад. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун дар ҳолати бархат (онлайн) сурат мегирад. Хоҳишмандон бояд бо нишонии http://vacancy.ntc.tj/ ба саҳифаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо гузашта, маълумотварақаро, ки дар он дастрас аст, бо забони тоҷикӣ пур кунанд. Сипас нусхаи рангаи шиноснома (бо нишон додани ҷойи зист), нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда, нусхаи рақами инфиродии суғуртавӣ ва нусхаи маълумотномаро аз Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” оид ба суратҳисоби корти пластикӣ замима карда, дархостро ирсол намоянд. Нусхаи ҳуҷҷатҳои бесифат пешниҳодшуда (агар равшану хоно набошанд) ба эътибор гирифта намешаванд.

Муҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун: 3-юми майи соли 2025, то соати 17:00.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон