Душанбе, 12-уми апрели соли 2021
Маркази миллии тестии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ЭЪЛОНИ
озмун барои интихоби маъмури калон ва маъмури имтиҳони маркази имтиҳонӣ
Мансаб: Маъмури калони маркази имтиҳонӣ (400 ҷой);
Маъмури имтиҳони маркази имтиҳонӣ (1630 ҷой).
Муддати кор: 8 (ҳашт) рӯз (аз 30-юми июн то 7-уми июл бо имкони тамдид).
Макони иҷрои вазифа: ш. Душанбе – 670 нафар, н. Рашт – 40 нафар, ш. Хуҷанд – 200 нафар, ш. Истаравшан – 80 нафар, ш. Конибодом – 80 нафар, ш. Панҷакент – 80 нафар, н. Б. Ғафуров – 80 нафар, ш. Бохтар – 200 нафар, ш. Кӯлоб – 200 нафар, н. Восеъ – 80 нафар, н. Данғара – 80 нафар, н. Кӯшониён – 40 нафар, н. Ҷ. Балхӣ – 80 нафар, н. Шаҳритус – 80 нафар, ш. Хоруғ – 40 нафар.
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) бо мақсади ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ таъсис медиҳад. Барои идораи раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ кормандони муваққатӣ ҷалб ва омӯзонида мешаванд. Бо ин мақсад Марказ барои интихоби маъмурони калони марказҳои имтиҳонӣ ва маъмурони имтиҳони марказҳои имтиҳонӣ озмун эълон менамояд. Кормандони интихобгардида барои ташкил ва идораи раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ масъул мегарданд.
Вазифаҳои асосӣ:
• омода намудани маркази имтиҳонӣ барои баргузории ИМД;
• иштироки фаъолона дар ташкил ва идораи раванди ИМД;
• назорати воридшавии довталабон ба маркази имтиҳонӣ ва ташкилу баргузории имтиҳонҳо дар дохили синфхона тибқи тартиби муқарраргардида;
• пешниҳоди ҳисоботи ҳаррӯза ва ҷамъбастӣ ба роҳбари маркази имтиҳонӣ.
Талаботи тахассусӣ:
• маълумоти олӣ, олии нопурра ё миёнаи касбӣ;
• собиқаи педагогӣ на камтар аз 2 сол;
• малакаи зарурии кор дар ташкил ва баргузории имтиҳонҳо;
• малакаи зарурии кор дар ташкил ва баргузории имтиҳонҳо;
• маҳорати хуби муошират;
• малакаи озодона суҳбат намудан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.
Интихоби маъмури калони маркази имтиҳонӣ ва маъмури имтиҳони маркази имтиҳонӣ дар асоси озмун ба роҳ монда мешавад. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун дар ҳолати бархат (онлайн) сурат мегирад. Хоҳишмандон бояд бо нишонии https://vacancy.ntc.tj/ ба саҳифаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо гузашта, маълумотварақаро, ки дар он дастрас аст, бо забони тоҷикӣ пур кунанд. Сипас нусхаи рангаи шиноснома (бо нишон додани ҷойи зист), нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда, нусхаи рақами инфиродии суғуртавӣ ва нусхаи билети ҳарбиро (агар дошта бошад) замима карда, дархостро ирсол намоянд. Нусхаи ҳуҷҷатҳои бесифат пешниҳодшуда (агар равшану хоно набошанд) ба эътибор гирифта намешаванд.
Муҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун: 30-юми апрели соли 2021, то соати 16:00.