Маркази миллии тестии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ЭЪЛОНИ
озмун барои интихоби маъмури калон ва маъмури имтиҳони маркази имтиҳонӣ
Мансаб: маъмури калони маркази имтиҳонӣ (392 ҷой);
маъмури имтиҳони маркази имтиҳонӣ (1470 ҷой).
Муҳлат: 8 (ҳашт) рӯз (аз 30-юми июн то 7-уми июл бо имкони тамдид).
Макони иҷрои вазифа: ш. Душанбе – 532 нафар, н. Рашт – 38 нафар, ш. Хуҷанд – 152 нафар, ш. Истаравшан – 76 нафар, ш. Исфара – 76 нафар, ш. Конибодом – 38 нафар, ш. Панҷакент – 76 нафар, н. Б. Ғафуров – 76 нафар, ш. Бохтар – 190 нафар, ш. Кӯлоб – 152 нафар, н. Восеъ – 76 нафар, н. Данғара – 76 нафар, н. Ёвон – 76 нафар, н. Кӯшониён – 38 нафар, н. Ҷ. Балхӣ – 76 нафар, н. Шаҳритус – 76 нафар, ш. Хоруғ – 38 нафар.
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) бо мақсади ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ таъсис медиҳад. Барои идораи раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ кормандони муваққатӣ ҷалб ва омӯзонида мешаванд. Бо ин мақсад Марказ барои интихоби маъмурони калони марказҳои имтиҳонӣ ва маъмурони имтиҳони марказҳои имтиҳонӣ озмун эълон менамояд. Кормандони интихобгардида барои ташкил ва идораи раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ масъул мегарданд.
Вазифаҳои асосӣ:
• омода намудани маркази имтиҳонӣ барои баргузории ИМД;
• иштироки фаъолона дар ташкил ва гузаронидани ИМД;
• назорати воридшавии довталабон ба маркази имтиҳонӣ ва ташкилу баргузории имтиҳонҳо дар дохили синфхона тибқи тартиби муқарраргардида;
• пешниҳоди ҳисоботи ҳаррӯза ва ҷамъбастӣ ба роҳбари маркази имтиҳонӣ.
Талаботи тахассусӣ:
• таҳсилоти олӣ, олии нопурра ё миёнаи касбӣ;
• собиқаи педагогии на камтар аз 3 сол;
• малакаи зарурии кор дар ташкил ва баргузории имтиҳонҳо;
• маҳорати хуби муошират;
• малакаи озодона суҳбат намудан бо забонҳои тоҷикӣ ва ё русӣ.
Интихоби маъмури калони маркази имтиҳонӣ ва маъмури имтиҳони маркази имтиҳонӣ дар асоси озмун ба роҳ монда мешавад. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун дар ҳолати бархат (онлайн) сурат мегирад. Хоҳишмандон бояд бо нишонии https://vacancy.ntc.tj/ ба саҳифаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо гузашта, маълумотварақаро, ки дар он дастрас аст, бо забони тоҷикӣ пур кунанд. Сипас нусхаи рангаи шиноснома (бо нишон додани ҷойи зист), нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда, нусхаи рақами инфиродии суғуртавӣ ва нусхаи маълумотнома (шакли 8)*-ро аз Корхонаи воҳиди давлатии "Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк"" (КВД БА ҶТ "Амонатбонк") оид ба суратҳисоби корти пластикӣ замима карда, дархостро ирсол намоянд. Нусхаи ҳуҷҷатҳои бесифат пешниҳодшуда (агар равшану хоно набошанд) ба эътибор гирифта намешавад.
Муҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун: 28-уми апрели соли 2023, то соати 16:00.
*Бояд нусхаи маълумотнома (шакли 8) аз Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” (КВД БА ҶТ “Амонатбонк”) оид ба суратҳисоби корти пластикӣ замима карда шавад, на акси корти пластикӣ. Барои гирифтани маълумотнома (шакли 8) оид ба суратҳисоби корти пластикӣ шахсони дорои корти пластикии КВД БА ҶТ “Амонатбонк” бояд ба яке аз филиалҳои бонки мазкур ё яке аз марказҳои хизматрасонии ин филиалҳо муроҷиат кардан лозим аст.