Душанбе, 5-уми апрели соли 2024
5-уми апрели соли 2024 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) марҳалаи якуми озмун барои дарёфти бурсияҳои таҳсилии Ҷумҳурии Туркия дар соли таҳсили 2024-2025 дар зинаи бакалавр гузаронида шуд.
Лозим ба зикр аст, ки тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи якуми озмун барои дарёфти бурсияҳои таҳсилии кишварҳои хориҷӣ аз ҷониби Марказ дар шакли тест баргузор карда мешавад.
Пеш аз оғози имтиҳон мутахассисони Марказ довталабонро бо тартибу қоидаҳои гузаронидани имтиҳон шинос намуда, дар бораи дуруст қайд кардан ва навиштани ҷавоб ба саволу масъалаҳо дар варақаи ҷавобҳо маслиҳату тавсияҳо доданд.
Дар ин марҳала 32 нафар довталаб барои соҳиб шудан ба бурсияҳо имтиҳон супориданд. Имтиҳон дар шакли тест ба ду забон – тоҷикӣ ва русӣ сурат гирифт. Довталабоне, ки аз марҳилаҳои якум ва баъдии озмуни мазкур мегузаранд, дар донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳурии Туркия таҳсили худро идома медиҳанд.