Душанбе, 22-юми апрели соли 2024
22-юми апрели соли 2024 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) марҳалаи якуми озмуни дарёфти бурсияҳои таҳсилии донишгоҳҳои Ҷумҳурии Қазоқистон ва Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Москва дар соли таҳсили 2024-2025 дар зинаи бакалавр гузаронида шуд.
Дар ин марҳала 108 нафар довталаб барои соҳиб шудан ба бурсияҳои таҳсилии донишгоҳҳои Ҷумҳурии Қазоқистон ва Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Москва имтиҳон супориданд. Имтиҳон дар шакли тест ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ сурат гирифт.
Мутахассисони Марказ пеш аз оғози имтиҳон довталабонро бо тартибу қоидаҳои имтиҳон шинос намуда, дар бораи дуруст қайд кардан ва навиштани ҷавоби саволу масъалаҳо дар варақаи ҷавобҳо маслиҳату тавсияҳо доданд. Лозим ба зикр аст, ки тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи якуми озмун барои дарёфти бурсияҳои таҳсилии кишварҳои хориҷӣ аз ҷониби Марказ дар шакли тест баргузор карда мешавад.
Марҳалаи дуюми озмунро Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ баргузор менамояд.
Довталабоне, ки аз марҳилаҳои якум ва баъдии озмуни мазкур мегузаранд, дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Қазоқистон ва Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Москва таҳсил мекунанд.