Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

Озмоиши калон

Нашр шуд: 01 Апрели 2013
Диданд: 1531

Озмоиши калони низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Даъвати хонандагони синфҳои 10 барои иштирок дар озмоиши калон  

Аз соли 2014 сар карда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (МТОК)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Маркази миллии тестӣ (ММТ) бо мақсади иҷрои вазифаҳои оинномавии худ (ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.01.2010 № 17 тасдиқ гардидааст) дар ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ, Барномаи ҳамкории рушди таҳсилоти Федератсияи Россия ва Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти кушода” – Бунёди мадад дар Тоҷикистон лоиҳаи модели низоми нави ИМД ба МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд, ки аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфт.

Мақсади асосии низоми нав беҳтар намудани раванди қабули донишҷӯён ба МТОК-и ҶТ тариқи интихоби одилона, шаффоф ва таъмини баробарҳуқуқии довталабони ҳамаи табақаҳои аҳолии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

 

Бартариҳои асосии низоми нави ИМД ба МТОК-и ҶТ чунинанд:

- ҳамаи тахассусҳои МТОК-и ҶТ ба 5 кластер (табиӣ ва техникӣ; иқтисодӣ ва география; филология, педагогика ва санъат; ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ; тиббӣ, биологӣ ва варзиш) ҷудо карда шудаанд;

- довталаб ҳуқуқ дорад, ки то 10 тахассус ва МТОК-ро дар доираи 1 кластер вобаста ба намуд (ройгон ва ғайриройгон), шакл (рӯзона ва ғоибона) ва забони таҳсил (тоҷикӣ ва русӣ) интихоб намояд;

- бақайдгирии довталаб ва супоридани имтиҳонҳо дар макони ба истиқомат наздик (минтақаҳо) гузаронида мешавад;

- раванди амалиётҳои бақайдгирӣ, арзёбии натиҷаҳои имтиҳонҳо ва тақсимоти донишҷӯён ба МТОК-и ҷумҳурӣ тавассути низоми автоматишудаи идора амалӣ карда мешавад.

Бо мақсади санҷиши тартиб, расмиёт ва марҳилаҳои низоми нав ММТ дар соли 2013 Озмоиши калони низоми ИМД ба МТОК-и ҶТ-ро бо иштироки 6000 нафар хонандаи синфҳои 10 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (МТМУ)-и ҷумҳурӣ новобаста аз ҷойи истиқомат мегузаронад.

Озмоиши калони низоми нави ИМД ба МТОК-и ҶТ аз якчанд марҳилаҳои асосӣ иборат аст:

- бақайдгирии иштирокчиён (аз 15 то 30 апрели соли 2013);

- тақсими даъватномаҳо ба имтиҳон (аз 20 май то 5 июни соли 2013);

- баргузории имтиҳонҳо (аз 15 июн то 22 июни соли 2013);

- арзёбии натиҷаҳои имтиҳонҳо (то 31 июли соли 2013);

- тақсимоти шартии донишҷӯён ба МТОК (то 15 августи соли 2013);

- арзёбии озмоиш.

Бақайдгирии хоҳишмандон дар 4 минтақаи ҷумҳурӣ – шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд ва Хоруғ дар асоси ҳуҷҷатҳои ҳатмии зерин аз 15 то 30 апрели соли 2013 гузаронида мешавад:

- шиноснома ё шаҳодатнома дар бораи таваллуд,

- маълумотномаи МТМУ дар бораи дар синфи 10 таҳсил кардани хонанда,

- расид (квитансия) аз Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” ва шуъбаҳои он оид ба пардохти 5 сомонӣ.

Дар сурати ба 6000 нафар расидани шумораи иштирокчиён бақайдгирӣ метавонад пеш аз муҳлат ба анҷом расад.

 

Маълумоти иловагиро аз сомонаи ММТ (http://www.ntc.tj) ё тариқи телефонҳои зерин гирифта метавонед: дар шаҳри Душанбе (98) 731-00-61; дар шаҳри Қӯрғонтеппа (98) 731-00-62; дар шаҳри Хуҷанд (98) 731-00-63; дар шаҳри Хоруғ (98) 731-00-64.

 

Маркази миллии тестӣ хонандагони синфҳои 10-ро

барои иштирок дар Озмоиш даъват менамояд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон