(Мусоҳибаи рӯзноманигори ҳафтаномаи “Омӯзгор” Саидаи Фазл бо директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” Ҷаъфаров С.Ф., №30 аз 26-уми июли соли 2013)
Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” бо мақсади санҷиши тартиб, расмиёт ва ҷузъиёти низоми нави қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар заминаи иҷрои фармоиши вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гузаронидани озмоиши калони низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 24 январи соли 2013 №161, аз 15 то 22 июни соли ҷорӣ ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳоро дар чор минтақаи ҷумҳурӣ ба анҷом расонид. Дар имтиҳонҳои озмоишии мазкур хонандагони синфҳои 10-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Бо мақсади шарҳи мавзӯъ бо директори Маркази миллии тестӣ Савзалӣ Ҷаъфаров суҳбате доштем, ки муҳтавои онро манзури шумо мегардонем.
Мо дар бораи имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ пайваста иттилоъ медиҳем. Имсол, ки чунин имтиҳонҳо бори аввал ба таври озмоишӣ барои хонандагони синфи 10 пешбинӣ гардиданд, мехостем, дар бораи омодагӣ, вазъи иштирок, фаъолияти хонандагон, умуман, тартиби баргузории имтиҳонҳо ва талабот дар онҳо чанд сухани тоза бишнавем.
Бо мақсади омодагӣ ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани озмоиш тибқи модели низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД), ки аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфтааст, ҳуҷҷати асосӣ “Роҳнамои умумии Маркази миллии тестӣ доир ба ташкил ва гузаронидани ИМД ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (МТОК)” ва зиёда аз 40 номгӯи дигари ҳуҷҷатҳои меъёрию дастурӣ таҳия карда шуданд. Дар доираи корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ якчанд маводди иттилотӣ таҳия, чоп ва дастраси ҷомеа гардонида шуда, бо роҳбарони 26 раёсату шуъбаҳои маорифи вилояту шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ вохӯриҳо доир гардиданд, дар 30 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои хонандагон низоми нави ИМД муаррифӣ карда шуд. Сайти расмии Маркази миллии тестӣ (http://www.ntc.tj) дар интернет ба фаъолият оғоз намуд, ки дар он ҳамаи маводди зарурӣ ва эълонҳо дар робита ба ҳар як марҳила ва раванди озмоиши мазкур интишор гардид.
Ёдрас мешавем, ки дар имтиҳонҳои озмоишӣ довталабоне тавонистанд иштирок намоянд, ки қаблан аз қайд гузашта буданд. Тибқи талаботи низоми нав ва ҷадвал имтиҳонҳо дар давоми 8 рӯз дар тамоми марказҳои имтиҳонӣ дар як вақт оғоз гардиданд. Дар як маркази имтиҳонӣ то 400 нафар довталаб ҷой дода шуда, дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ довталабон 15-нафарӣ ба ҷойҳои муайяншуда шинонида шуданд. Ба ҳар синфхона як маъмури имтиҳон мутасаддӣ гардида, ба чор маъмури имтиҳон як маъмури калони имтиҳон вобаста гардид.
Барои таъмини шаффофият риояи як қатор талабот барои довталабон ҳатмӣ дониста шуд. Барои мисол, баъд аз тақсимоти маводди имтиҳонӣ байни ҳамдигар суҳбат кардан, аз синфхона баромадан (ғайр аз ҳолатҳои истисноӣ), аз телефони мобилӣ ва воситаҳои дигари электронӣ истифода бурдан манъ карда шуд, дар варақаи ҷавобҳо танҳо бо ручкаи одии шаффоф ва рангаш сиёҳ навиштан иҷозат дода шуда буду халос.
Лозим ба тазаккур аст, ки озмоиши калони имсола, пеш аз ҳама, барои ҳалли масъалаҳои зерин мусоидат менамояд: ба даст овардани иттилоот дар бораи ҳар як марҳила ва раванди низоми нави ИМД ба МТОК-и ҶТ ва қабули тасмиму қарорҳои мувофиқ барои имтиҳонҳои ИМД-и воқеӣ; ба даст овардани иттилооти оморӣ ва психометрикӣ дар робита бо маводди имтиҳонӣ – вариантҳои саволу супоришҳои тестии типи нав ва корҳои хаттӣ – эссе, ки ҷиҳати қабули тасмиму қарорҳои мувофиқ барои беҳтар намудани онҳо мусоидат менамоянд; ба даст овардани иттилооти ташхисиву таҳлилии раванди имтиҳонҳо ва маводди имтиҳонӣ (сифат ва пуррагии дастурамалҳову дигар ҳуҷҷатҳои ҳамроҳикунандаву батанзиморанда, сифати маводди имтиҳонӣ – вариантҳои саволу супоришҳои тестии типи нав ва корҳои хаттӣ, муносибати иштирокчиёни ИМД ба корҳои тестӣ ва хаттӣ ва ғ.); муайян кардани саволу супоришҳои тестии душворфаҳм ва мушкилоте, ки дар раванди ИМД-и воқеӣ эҳтимоли ба вуҷуд омаданро доранд ва ғ.
Барои иштирок дар имтиҳонҳо 7115 нафар (тибқи нақша 6000) хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 45 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ тавассути барномаи компютерии “Бақайдгирӣ” ба қайд гирифта, ба онҳо ёддошти довталаб ва дастури методӣ оид ба навиштани эссе дода шуд. Барои ҳар як иштирокчии озмоиш тавассути роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ даъватнома пешниҳод карда шуда, ба воситаи радиои “Ховар” ва Шабакаи аввали телевизионии Тоҷикистон эълон – даъват интишор гардид.
Барои имтиҳонҳои озмоишӣ бо назардошти талабот ва қоидаҳои таъмини махфият ва бехатарӣ дар доираи 14 фанни таълимӣ 126 вариант саволномаҳои тестӣ бо забонҳои тоҷикию русӣ мувофиқан вобаста ба кластерҳо бо назардошти бахши забонҳои хориҷӣ таҳия карда шуданд. Аз ҷумла, дар доираи компонети А имтиҳони умумӣ 30 вариант саволномаҳои тестӣ аз фанҳои забони тоҷикӣ (давлатӣ), математика, таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ (15 вариант бо забони тоҷикӣ ва 15 вариант бо забони русӣ), дар доираи компоненти Б тести тахассусӣ 96 вариант саволномаҳои тестӣ таҳия гардиданд. Дар умум 16479 нусха китобчаҳои тестӣ чоп карда шуданд. Инчунин 5 вариант барои эссе, ки аз 15 мавзӯъ иборат мебошад, барои имтиҳонҳо интихоб гардида, дар ҳаҷми 7165 нусха сиёҳнавис ва 7165 нусха тозанавис чоп карда шуд.
Барои гузаронидани имтиҳонҳо дар чор шаҳри ҷумҳурӣ ҳафт маркази имтиҳонӣ, аз ҷумла, дар шаҳрҳои Душанбе (мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (МТМУ)-и №24 ва 72), Хуҷанд (МТМУ №5 ва Гимназияи №24 ба номи Б. Ғафуров), Қӯрғонтеппа (МТМУ №6 ва №15) ва Хоруғ (Мактаби президентӣ) фаъолият намуданд. Барои ташкили идораи имтиҳонҳо дар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар давоми моҳи май семинар‑тренингҳои омӯзишӣ дар асоси модул ва видеоролики омӯзишӣ бо иштироки 280 нафар хоҳишмандон доир гардид. Вобаста аз натиҷаҳои омӯзиш 212 нафар омӯзгорон ба ҳайси роҳбарони марказҳои имтиҳонӣ ва маъмурони имтиҳон ба идораи раванди имтиҳонҳо ҷалб гардиданд. Барои таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарӣ дар марказҳои имтиҳонӣ дар рӯзҳои гузаронидани имтиҳонҳо намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, оташнишонӣ, санитарию тиббӣ ҷалб карда шуданд. Раванди бозбинии иштирокчиён ва таъмини бехатарӣ дар дохили марказҳои имтиҳонӣ аз ҷониби кормандони Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Шамшер” дар сатҳи касбӣ анҷом дода шуд. Интиқоли бехатари маводди имтиҳонӣ ба ҳафт маркази имтиҳонӣ ва баргардонидани онҳо ба Маркази миллии тестӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Алоқаи махсус”-и Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи қарордод таъмин гардид.
Чуноне, ки қаблан зикр гардид, дар давоми 8 рӯз, тибқи ҷадвали тасдиқгардида вобаста ба кластерҳо аз 15 то 22 июни соли 2013 имтиҳонҳо дар ҳамаи марказҳо дар як вақт аз соати 8:00 субҳ оғоз ёфтанд. Барои танзими идораи имтиҳонҳо дар минтақаҳо ва таъмини ҳалли таъҷилии масъалаҳои пайдогардида дар Маркази миллии тестӣ ситоди махсус ташкил карда шуд ва дар ҳар як маркази имтиҳонӣ шахсони масъули марказ вобаста карда шуданд.
Умуман, дар доираи компоненти А барои супоридани имтиҳони тестӣ – 3714 нафар ва эссе – 3848 нафар, дар доираи компонети Б барои супоридани тестҳои тахассусӣ – 3646 нафар иштирок намуданд. Иштироки хонандагон дар имтиҳонҳо дар шаҳрҳои Душанбе – 52%, Қӯрғонтеппа – 44%, Хуҷанд – 59% ва Хоруғ – 73%-ро ташкил дод.
Албатта, ташкили чунин имконот барои довталабон шоистаи таҳсин аст, вале бо вуҷуди ин, на ҳамаи довталабон дар имтиҳонҳо иштирок карда тавонистанд. Сабаби асосӣ дар чӣ буд: масъаларо комилан дарк карда натавонистани масъулон, довталабонро дуруст фаҳмонида натавонистан ва ё чизи дигар?
Мутаассифона, новобаста аз кӯшишҳои ҳамарӯзаи роҳбарони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва мактабҳои дахлдор зиёда 3200 нафар хоҳишмандон-хонандагони синфҳои 10-ум, ки ба қайд гирифта шуда буданд, бо сабабҳои гуногун иштирок карда натавонистанд. Дар ин замина бояд қайд намуд, ки ба ақидаи мушовирони байналмилалӣ ва донорҳо, новобаста аз ин, шумораи воқеии иштирокчиён дар ин имтиҳонҳо барои гузаронидани арзёбии низоми нав, тартибу расмиёт ва муайян намудани сифати тестҳо имконият медиҳад.
Дар умум, санҷишу таҳлилҳо нишон доданд, ки раванди идораи имтиҳонҳо дар ҳама минтақаҳо дар сатҳи хуби ташкилӣ гузаронида шуд. Масъалаҳои системавӣ ва ташкилии низоми нави ИМД пурра санҷида шуда, камбудию норасоиҳо барои беҳтар намудани тартибу расмиёт муайян гардиданд. Аз ҳама муҳим, таҷрибаи гузаронидани ИМД ба баланд шудани сатҳи касбии кормандони Маркази миллии тестӣ мусоидат менамояд.
Айни замон, корҳо ҷиҳати коркарди натиҷаҳои имтиҳонҳо тавассути барномаҳои компютерӣ (мувофиқакунӣ ва бақайдгирӣ, аксгирӣ, верификатсияи варақаҳои ҷавобҳо ва ҷамъбасти баҳогузорӣ) ва санҷиши эссе аз ҷониби 48 тафтишгар идома дорад. Тибқи нақшаи озмоиш то 1 августи соли ҷорӣ натиҷаҳои имтиҳонҳо ҷамъбаст ва дар сайти ММТ интишор карда мешаванд.
Баъд аз анҷоми пурраи озмоиш ҳисоботи муфассали ММТ дар бораи натиҷаҳои озмоиши низоми ИМД таҳия ва барои баррасӣ ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар охирҳои моҳи августи соли 2013 ироа мегардад.
Чунин менамояд, ки низоми нав дар раванди имтиҳонсупории довталабон як қатор бартариҳо дорад. Дар бораи махсусиятҳои ин имтиҳон чӣ гуфтан мумкин аст?
Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи низоми нав истифодаи саволу супоришҳои тестии типи нав мебошад, ки дар ҷумҳурӣ интишор намудани ин гуна саволу супоришҳои тестии як иқдоми хуб ба шумор меравад. Дар низоми нав саволу супоришҳои тестӣ аз рӯйи як стандарти муайян дар асоси талаботу қоидаҳои назарияи классикӣ ва муосири тест таҳия карда мешаванд. Тестҳо дар асоси стандарти давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ дар доираи китобҳои дарсии фанҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳия мегарданд. Барои имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ якчанд намуди саволу супоришҳои тестӣ таҳия карда мешаванд: саволу супоришҳои дорои чанд варианти чавобҳо, ки барои ҳар як савол 4 варианти ҷавоб дода мешавад, ки танҳо яктое аз онҳо дуруст мебошад; саволу супоришҳои муайян намудани мувофиқат, ки дар онҳо имтиҳоншаванда бояд барои ҳар як унсури сутуни якум унсури мувофиқро аз сутуни дуюм муайян намояд; саволу супоришҳои шакли кушода, яъне барои ингуна саволҳо вариантҳои ҷавобҳо дода намешанд ва имтиҳоншаванда бояд худаш ҷавоби онро ҳал карда, ҳосил намояд. Бартарии дигаре, ки дар саволу супоришҳои тестии низоми нав дида мешавад, ин ҷой додани расму графикҳо мебошад.
Маркази миллии тестӣ барои ташкил, ҳамоҳангсозӣ ва идораи имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ дар минтақаҳо – вилояти Хатлон, вилояти Суғд, вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолияти шуъбаҳои минтақавии худро ба роҳ мондааст. Яке аз хусусиятҳо ва ё худ бартариҳои низоми нав дар он аст, ки имтиҳонҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар худи минтақаҳо ташкил карда мешаванд ва зарурати аз дигар минтақа ба шаҳри Душанбе омадани довталабон аз байн меравад. Дар низоми нав ба довталабе, ки дар марҳилаи муайяни бақайдгирӣ, яъне моҳҳои марту апрел аз қайд мегузарад, моҳи май аз ҷониби марказ даъватнома равон карда мешавад. Дар даъватнома макон, замон ва фанҳое, ки аз рӯйи онҳо имтиҳон супорида мешавад, қайд гардидааст. довталабон метавонанд бо интихоби тахассус дар дилхоҳ муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирие, ки дар минтақаи истиқоматашон ташкил карда мешавад, сабти ном шуда, дар яке аз марказҳои имтиҳонии ҳамон минтақа имтиҳон супоранд ва дар сурати бо муваффақият супоридани он дар донишгоҳи интихобкардаашон таҳсил намоянд. Ташкили нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ барои довталаб сабукӣ оварда, дар кам кардани масрафи зиёди роҳ, маблағ ва вақт кӯмак менамояд.
Варақаи ҷавобҳо тавассути компютер – системаи иттилоотии худкоршуда коркарду санҷида ва баҳогузорӣ мешавад. Яъне дар ин ҷо таъсири омили инсонӣ хеле маҳдуд аст.
Хулоса, татбиқи низоми ИМД ба МТОК қадами устувор дар амалӣ намудани раванди таҷдид ва рушди яке аз самтҳои муҳимми маориф, баланд бардоштани савияи касбии мутахассисону донишҷӯёни кишвар ва муайян намудани сатҳи дониши хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ хоҳад гашт.
Мусоҳиб Саида НАБИЕВА