Душанбе, 23-юми майи соли 2018
Гурӯҳи кории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба рушди маориф (CICED)-и Федератсияи Русия дар рӯзҳои 22-юм-23-юми моҳи майи соли 2018-ум дар байни хонандагони синфи 4-уми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе озмоиши “Абзори арзёбии дастовардҳои таълимии хонандагони синфҳои ибтидоӣ” (SAM)-ро аз фанни математика гузаронд.
Санҷиши тестии хатмкунандагони мактаби ибтидоӣ дар доираи санҷиши афзор (инструмент) ва тартиби арзёбии сифати таҳсилоти ибтидоӣ гузаронида шуд. Мақсади асосии он муайян кардани сатҳи донишҳои математикии хатмкунандагони синфҳои ибтидоӣ, дараҷаи азхудкунии мазмуни фан аз ҷониби онҳо аст. Натиҷаҳои тест ҳам барои худи таҳиягарони афзори арзёбӣ ва ҳам барои марказҳои минтақавии арзёбии сифати таҳсилот ва омӯзгорону хонандагоне, ки дар озмоиши тестӣ ширкат менамоянд, басо муҳим аст.
Яке аз мақсадҳои асосии таҳиягарони афзори нави арзёбии сифати таҳсилот мусоидат кардан барои амалисозии таҳсилоти бунёдии самарабахш дар мамлакат мебошад.
Тарҳи назариявии ин афзори санҷишӣ арзёбии кордонии хонандагонро дар се дараҷаи бунёдӣ: расмӣ, бозтобӣ (рефлексивӣ) ва амалкардӣ (функсионалӣ) пешбинӣ мекунад.
Афзори санҷишии педагогии мавриди назар дар такя ба дастовардҳои равоншиносии педагогии ватании дар ҷаҳон эътирофшуда таҳия шудааст.