Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ОРОМИВУ АМНИЯТ ВА СУБОТИ МИЛЛӢ МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Нашр шуд: 19 Январи 2018
Диданд: 1034

Душанбе, 19-уми январи соли 2018

Санаи 22 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро ироа карданд. Албатта, аз паём то паём вазъи некӯаҳволии мардуми кишварамон беҳтар гашта истодааст ва шукронаи онро мекунем, ки дар фазои кишвар сулҳу оромӣ ва якдилӣ ҳукмфармо аст. Паёми имсолаи Сарвари давлатамон бо таҳлили вазъи олам оғоз гашт. Дар он Пешвои миллат чунин баён карданд: “Вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст.

Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид.

Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт.

Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд.

Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад”.

Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд, ки террорист дин, миллат мазҳаб надорад. Ин падидаи нанговар мебошад ва ба дини мубини ислом ва ё динҳои дигар мутааллиқ нест.

Инсоният новобаста аз дину ойину мазҳабу эътиқод, ирқу нажоду ранги пӯст, симои зоҳирӣ, макони зист ва ғайра бандаи Худованд аст ва дар назди Парвардигор амонатдор мебошад. Парвардигори олам дар сураи Аҳзоб ояти 72 мегӯяд: “Ҳамоно, ки мо амонатро бар осмонҳо, замин ва кӯҳҳо пешниҳод намудем ва онҳо нахостанд онро таҳаммул кунанд ва мушкилашон шуд, вале инсон онро бардошт”.

Ҳофизи Шерозӣ, раҳматуллоҳи алайҳи, гуфтанд:

Осмон бори амонат натавонист кашид,

Қуръаи фол ба номи мани девона заданд.

Яъне амонати тамоми ҳаёти рӯи замин бар дӯши ҳамаи инсонҳост, аммо имрӯз дар баъзе мамлакати дунё қатлу ғорат, хунрезӣ ва ҷангу ҷидол мебошад, ҳатто вабои аср экстремизм ва терроризм рӯз то рӯз зиёдтар ба чашм мерасад.

Инсоният дар назди Парвардигораш амонатдор аст, ки худашро, танашро ҳифз кунад, обу хоки ҷои зисташро ҳифз кунад. Аз ин ҳифзи ҳаёти ҳар инсон ба инсони дигар низ амонат аст.

Ҳанӯз соли сипаришуда Пешвои миллат дар Паёми худ хеле ғамхорона доир ба мубориза бо экстремизму терроризм сухан карданду ин корро яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлатӣ номиданд: “Вазъи бамиёномада фароҳам овардани заминаҳои дахлдори ташкиливу ҳуқуқӣ ва фазои оштинопазирро бо экстремизм ва терроризм дар сатҳи барномаи стратегии давлат тақозо дорад. Аз ин лиҳоз, ба Прокуратураи генералӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ҳарчи зудтар Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020 таҳия ва пешниҳод намояд”.

Дар ин сухани Пешвои миллат як навъи масъулият назди миллат, ғамхорӣ ба хурду калони миллат аст. Ин суханронии дилсӯзонаи Эмомалӣ Раҳмон беихтиёр ҳадиси Расули акрам Муҳаммад Мустафо, саллалоҳу алайҳи ва салламро ба хотир меорад, ки фармудаанд: “Куллукум роъин ва куллукум масъулун ан раиятиҳи” – Яъне ҳар кадоми шумо барои раияти худатон масъул ҳастед. Ин ҳадиси муборак ҳар касро вазифадор мекунад, ки масъулияти тобеонашро дарк кунад. Ҳар падар дар оила масъули аҳли хонаводааш аст, раиси маҳалла масъули маҳалли зисташ, раиси деҳ, раиси ноҳия, вилоят ва раиси ҷумҳур ҳам дар назди раияти худ масъулият дорад. Ба андешаи мо масъулияти Пешвои миллат пеш аз ҳама тинҷию амонии мамлакат мебошад.

Пӯшида нест, ки баъзе кишварҳо ба таври рӯирост ва ё пӯшида ташкилоту созмонҳои террористиро ҷонибдорӣ мекунанд. Дар ин маврид Пешвои миллат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат карданду чунин иброз доштанд: “Ислоҳи ин вазъ таҳкими пойгоҳи ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз ҷумла, дар санадҳои байналмилалӣ муқаррар намудани муҷозоти кишварҳои ба терроризм мусоидаткунанда, роҳандозӣ намудани тафтиши байналмилалии зуҳуроти терроризм ва мавриди муҳокимаи Суди байналмилалӣ қарор додани роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбӣ, фондҳои ба ном хайрия, соҳибкорон ва дигар ашхоси ба терроризм мусоидаткунандаро тақозо менамояд”.

Муборизаи беамон бо экстремизм ва тероризм яке аз роҳҳои таъмин намудани оромӣ дар кишвар аст. То ҳар фарди миллат ақидаи солими меҳанпарастонаро дар ниҳодаш парвариш накунад, ободии кишвар ба мушкилӣ дучор мегардад.

Мо-ходимони дин ҳама вақт ҷонибдори иқдомҳои наҷиби Сарвари давлат будем ва ҳастем. Аз ҷумла, Паёми Пешвои миллатро сармашқи кори худамон қарор дода намегузорем, ки_ сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ аст, балки он вазифаи ҷонии ҳар фарди ҷомеа мебошад. Мо намегузорем, ки минбари масҷидҳо макони ихтилоф бошад, кӯшиши мо ба он равона гаштааст, ки минбару меҳроби масоҷид муттаҳидкунандаи мусалмонони кишвар гардад.

 

Абдусаттор Юсупов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Абдулбоқии ҷ/д Ҳакимии ноҳияи Нуробод

 

Бознашр аз сомонаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (http://din.tj/?q=node/513).

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (даври  дуюм)Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (даври дуюм)
  • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тестҶавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест
  • Феҳристи ихтисосҳо ва вазни субтестҳоФеҳристи ихтисосҳо ва вазни субтестҳо
  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳои давраи дуюми бақайдгирӣ)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳои давраи дуюми бақайдгирӣ)
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо – 2025Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон