Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ҚОНУНЕ, КИ БО ТАЛАБИ МАРДУМ ҚАБУЛ ГАРДИД

Нашр шуд: 03 Апрели 2018
Диданд: 981

Душанбе, 3-юми апрели соли 2018

Дар маҷлисгоҳи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳамаи кормандони он ҷаласа, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва татбиқи он бахшида шуда буд, баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Хоҷамиров М. иштирок кард.

Икромӣ Х. И, директори Марказ, ҷаласаро оғоз намуда, баъди муаррифии намояндаи Кумита ба ҳозирин иштирокдоронро аз рӯзномаи вохӯрӣ иттилоъ дод. Директори Марказ дар аввал аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба ҷомеаи кишвар қайд карда, аз ҷумла, баён дошт , ки кормандони Марказ низ ҳамаҷониба мекӯшанд, ки дар татбиқи Қонуни мазкур саҳмгузор бошанд. Бо ин мақсад дар муассиса Комиссия оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим амал мекунад.

Сипас намояндаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Хоҷамиров М. баромад карда, аз ҷумла, дар бораи таърих ва ҳадафҳои қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (08.06.2007, № 272), тағйироту иловаҳои ба он воридшуда (солҳои 2008, 2010, 28.08.2017, №1461) ва моҳияти аҳамияти қонуни мазкур тазаккур дод. Номбурда гуфт, ки давлату ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри беҳтару хубтар кардани шароити зиндагии мардум ва кам кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар бо қабули ин қонун хизмати бузург кардаанд. Қайд гардид, ки дар қабули қонуни мазкур ташаббуси худи мардуми Тоҷикистон низ ҳаст, ки бо аризаи бешумор ба Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд.

Директори Марказ Х. Икромӣ таъкид намуд, ки Марказ низ, дар баробари Кумита ва дигар вазорату идораҳои дахлдор, барои риоя ва иҷрои талаботҳои ин Қонун ҳангоми баргузории тӯю маъракаҳо ва умуман, барои пешгирӣ аз вайрон кардани меъёрҳои он дар доираи салоҳияту имкониятҳояш чораҳои зарурӣ меандешад.

Дар охир кормандони Марказ оид ба масъалаҳои танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Хоҷамиров М. саволҳо дода, посух гирифтанд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон