Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ОМӮЗГОР – ҲИДОЯТГАРИ ҶОМЕА

Нашр шуд: 05 Октябри 2024
Диданд: 1966

Душанбе, 5-уми октябри соли 2024

Ба қавли бузургони роҳи илму маърифат, омӯзгор муҳандиси руҳи инсон аст. Ба гунае, ки муҳандис кореро нақшабандию тарҳрезӣ менамояд, омӯзгор низ аз рӯзи аввал ба шогирдон илму адаб меомӯзад ва онҳоро бо таълиму тадрису тарбия ба ҳаёти оянда омода месозад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сиёсат қадам гузоштанашон ба мақоми омӯзгор дар таълиму тарбияи ҷавонон, ки ояндаи давлату миллат аз онҳо вобаста аст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд. Аз ҷумла 1-уми сентябри соли 2013 дар суханрониашон ба муносибати Рӯзи дониш таъкид карда буданд: «Давлату Ҳукумат аз шумо, устодону омӯзгорони арҷманд, умед ва ба шумо эътимоди комил дорад, зеро инсоният ба омӯзгор ҳамеша ниёз дошту дорад. Маҳз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст, ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Омӯзгори дилсӯзу бомаърифат ва ба тарбияи инсон содиқ чароғи маърифат ва боигарии миллат аст. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ чунин хоҳанд монд. Ниёгони мо доир ба заҳматҳо ва нақши муаллим дар таълиму тарбия гуфтаанд:

Тарбия чист? Хок зар кардан, Қатраи обро гуҳар кардан.

Аз ин рӯ, бояд ҳар як омӯзгор донад, ки ӯ шахси масъулу равшанфикр ва пешбарандаи ҷомеаи мост. Ва мо аз шумо — омӯзгорону устодон, умед ва бовар дорем, ки ин рисолати таърихии хешро сидқан ба ҷо оварда, дар таълиму тарбияи насли бомаърифату хушахлоқ, соҳиби касбу ҳунар, бонангу номус, ватандӯсту ватанпараст ва ба миллату Ватани хеш содиқу вафодор саҳми муносиб мегузоред».

Касби омӯзгорӣ ба монанди нурест, ки чашми хиради шогирдонро равшан менамояд ва роҳи онҳоро дар ҳаёт бо нури ақлу маърифат мунаввар мегардонад. Ӯ танҳо касест, ки бо заҳмату талошҳои пайваставу беғаразонаи худ ба шогирдон хирад омӯхта, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои бузург ба онҳо роҳнамоӣ менамояд.

Ян Амос Каменски, яке аз маъруфтарин олимони соҳаи педагогика, ба касби ифтихорманди омӯзгорӣ баҳои баланд дода, чунин гуфтааст: «…ба муаллимон вазифаи беҳтарине супорида шудааст, ки болотар аз он дар зери хуршед чизе буда наметавонад».

Бузургони роҳи маънӣ омӯзгорро меъмори тафаккури инсон ва оинаи рӯзгори халқ мегӯянд, оинае, ки инсон ба он нигариста, камбудиву нуқсонҳои худро бартараф мекунад. Яъне, омӯзгор шахсест ҳамчун намуна барои ибрат, ки ҳар калому ҳар нигоҳу ҳар қадамаш саропо ибрат аст.

Идатон муборак бод, омӯзгорони азиз!

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон