Душанбе, 20‑уми марти соли 2019
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо рӯзи 16-уми марти соли 2019-ум дар Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби байналмилалии президентӣ” дар шаҳри Душанбе олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумиро аз фанҳои равияҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ баргузор кард.
Олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ дар асоси принсипҳои воқеият (объективӣ) дар санҷишу баҳогузорӣ, шаффофияту мустақилияти равандҳои баргузории озмунҳо, таъмини дастёбии баробар ба олимпиада ва истифодаи васеи техникаю технологияи муосир дар сатҳи зарурӣ гузаронида шуд.
Дар ин олимпиада дониш ва маҳорату малакаи иштирокдорон аз фанҳои математика, физика, химия, технологияҳои иттилоотӣ, биология (экология), география, забон ва адабиёти тоҷик, забони давлатӣ (тоҷикӣ), забони русӣ (барои хонандагони забони таҳсилашон ғайрирусӣ), забон ва адабиёти рус (барои хонандагони забони таҳсилашон русӣ), забони англисӣ, таърих, асосҳои давлат ва ҳуқуқ (ҳуқуқи инсон) санҷида шуд.
Натиҷаҳои олимпиада рӯзи 17‑уми март эълон ва ба иштирокдорони он имкон дода шуд, ки дар сурати норозӣ буданашон аз холҳои дар озмун ба онҳо гузошташуда аризаи апеллятсионӣ пешниҳод кунанд.
Тибқи натиҷаҳои ниҳоии олимпиада, аз 561 нафар иштирокдори олимпиада 171 нафар ҳамчун ғолиби ҷойи 1-ум, 2 юм ва 3-юм эътироф гардиданд. Ҷойи 1-умро 36 нафар, 2-юмро 61 нафар ва 3-юмро 74 нафар ишғол карданд. Аз ин шумора вобаста ба муассисаҳои таълимии навъи муқаррарӣ ҷойи 1-умро 13 нафар, 2-юмро 29 нафар ва 3-юмро 38 нафар ва вобаста ба муассисаҳои таълимии навъи нав (литсей, гимназия ва мактаб-литсейҳои президентӣ) ҷойи 1-умро 23 нафар, 2 юмро 32 нафар ва 3-юмро 36 нафар ишғол намуданд.