Душанбе, 27-уми марти соли 2015
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад!
Баргузории олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанҳои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ рӯзҳои 4-ум ва 5-уми апрели соли 2015 ва аз фанҳои равияи табиӣ-риёзӣ рӯзҳои 11-ум ва 12-уми апрели соли 2015 ба нақша гирифта шудааст.
Олимпиадаи мазкур дар бинои гимназия-парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ баргузор хоҳад шуд.