Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ
      • Ҳуҷҷатҳои ММТ
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2023
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2023
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2023-2024 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
  • Саволу ҷавоб

ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ – САБҚАТИ БУЗУРГИ ТАЪЛИМӢ

Нашр шуд: 14 Апрели 2023
Диданд: 3200

Душанбе, 14-уми апрели соли 2023

14-уми апрели соли 2023 даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳо барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ оғоз шуд. Он ҳамасола дар 2 самт ба роҳ монда мешавад: фанҳои 1) табиӣ-риёзӣ ва 2) ҷамъиятӣ-гуманитарӣ. Ин даври олимпиада аз рӯйи самти аввал – табиӣ-риёзӣ, ки фанҳои физика, математика, биология, химия ва географияро фаро мегирад, тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  30-юми марти соли 2022, № 370 дар Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби байналмилалии Президентӣ” ва аз информатика ва технологияи коммуникатсионӣ  дар Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди раёсати маорифи шаҳри Душанбе баргузор гашт.

Олимпиадаи мазкурро Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муштаракан бо Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо” баргузор кард.

Дар ифтитоҳи ин сабқати бузурги ҷумҳуриявӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Р. сабқаткунандагонро барои то зинаи ҷумҳуриявии олимпиада роҳ ёфтанашон таҳният гуфта, ба онҳо комёбӣ хост.

Дар олимпиадаи мазкур аз фанҳои табиӣ-риёзӣ, тибқи рӯйхат, иштироки 861 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии кишвар (аз мактабҳои навъи муқаррарӣ ва ҳам навъи нав (мактабҳои президентӣ, литсей ва гимназияҳо)) пешбинӣ шуда буд.  Аз ин миқдор 831 нафари хонандагон ширкат карданд.

Лоиқи тазаккур аст, ки ба хонандагоне, ки дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ ғолиб меоянд, дар доираи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ тартиби муқарраргардида, дар сурати мувофиқати фанни олимпиада ба ихтисосҳои интихобкардаашон, имтиёз дода мешавад. Барои ғолибони ҷойи якум 100, ҷойи дуюм 75 ва ҷойи сеюм 50 бали имтиёзӣ муқаррар шудааст, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба балҳои бадастовардаашон илова мегардад.

 

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Марказҳои имтиҳонӣ барои баргузории ИМД-2023Марказҳои имтиҳонӣ барои баргузории ИМД-2023
  • Нақшаи қабули с.т. 2023-2024 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2023-2024 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Роҳнамои довталаб – 2023Роҳнамои довталаб – 2023
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2023Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2023
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2023ТАҚВИМИ ИМД – 2023
  • Тарзи истифодаи кабинети инфиродӣТарзи истифодаи кабинети инфиродӣ

Мақолаҳо

 Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2023 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон