Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ОЛИМПИАДАҲОИ ҶУМҲУРИЯВИИ ФАННӢ – САБҚАТИ БУЗУРГИ ТАЪЛИМӢ

Нашр шуд: 28 Марти 2024
Диданд: 19540

Душанбе, 28-уми марти соли 2024

28-уми марти соли 2024 дар Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби байналмилалии Президентӣ” дар шаҳри Душанбе даври чорум (ниҳоӣ)-и олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ барои хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умуми кишвар баргузор шуд.

Олимпиадаҳои фаннии равияи табиӣ-риёзӣ ва технологияи иттилоотӣ 29-уми марти соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

Олимпиадаҳои мазкурро ҳар сол Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо” ба роҳ мемонад.

Дар маросими ифтитоҳи он Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сабзалӣ Ҷаъфарзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ), Зиёдулло Абдулзода, муовини вазири маориф ва илм, роҳбарияти Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, инчунин намояндагони дигари зерсохторҳои маорифи мамлакат, хонандагони макотиби миёна ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар, иштирокдорони даври чоруми олимпиадаҳои ҷумҳуриявиро барои то ба ин давр расиданашон таҳният гуфта, зикр кард, ки яке аз вазифаҳои асосии маорифи муосир дар шароити таҳсилоти ҳамгироӣ дарёфт ва рушди истеъдодҳои ҷавону эҷодкор ва ботафаккур мебошад. Чунин чорабиниҳое, ки ба ҳалли ин масъала нигаронида шудаанд, пеш аз ҳама, олимпиадаҳо ба ҳисоб мераванд ва яке аз ҳадафҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким бахшидан ба вусъати ҳаракати олимпӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Пешвои муаззами миллат таъкид мекунанд, ки танҳо насли мусаллаҳ бо донишҳои муосир метавонад барои пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиби худро гузорад, – дар идома гуфт вазир.

Сипас Сабзалӣ Ҷаъфарзода, директори Марказ, суханронӣ намуда, аз ҷумла, гуфт, ки танҳо ҳамонҳое ба даври охирини олимпиадаҳо роҳ меёбанд, ки дар таҳсил муваффақ буданд, кӯшишу талоши зиёд кардаанд, дар омӯхтани фанҳои мактабӣ ва аз худ кардани барномаҳои таълимӣ хеле заҳмат кашидаанд. Он донишу маҳорат ва малакае, шумо – хонандагон то ин дам ба даст овардаед, бароятон беманфиат нест ва ҳатман дар таҳсилоти минбаъдаатон коромаду манфиатбахш хоҳад буд. Таъмини принсипҳои адолату шаффофиятро, чун дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, Марказ кафолат медиҳад, – афзуд ба суханаш Ҷаъфарзода С.

Ғолибони ин олимпиадаҳо ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои дахлдор соҳиби имтиёзҳои шоиста – аз 50 то 100 бал мегарданд.

Лозим ба зикр аст, ки дар олимпиадаҳои номбурда имсол тибқи нақша 1127 нафар хонанда аз фанҳои равияҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ иштирок мекунанд. Ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ 31-уми марти соли равон эълон мегарданд.

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон