Душанбе, 1-уми марти соли 2019
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи 1‑уми марти соли 2019 марҳалаи асосии бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2019 (ИМД-2019) оғоз кард.
Марҳалаи асосии бақайдгирӣ то 15-уми апрел идома ёфта, дар ин муҳлат хоҳишмандоне, ки тибқи тартиби муқарраргардида барои иштирок дар ИМД ҳуқуқ доранд, новобаста аз муассиса(ҳо)-и таълимии интихобкардаашон, метавонанд ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояшон наздик ё мувофиқ ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қайд гузаранд.
Рӯйхати муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбие, ки дар заминаи онҳо барои бақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар ИМД-2019 нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда мешаванд, бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст.
Тибқи фармоиши мазкур, дар асоси таҳлили шумораи умумии хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ дар соли 2019 вобаста аз шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини дастрасии хоҳишмандон барои номнавис кардан дар 31 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 36 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 26 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил карда шудааст.
Довталаб дар доираи як гурӯҳи ихтисосҳо ҳуқуқи интихоби то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро вобаста аз муассисаҳои таълимӣ, шакли таҳсил (рӯзона, ғоибона, шабона, фосилавӣ) ва намуди таҳсил (ройгон, пулакӣ) дорад.
Соли ҷорӣ ба низоми ИМД як муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ (Донишгоҳи Осиёи Марказӣ) ва 15 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии дигар дохил гардид. Ҳамин тариқ, имсол ба воситаи низоми ИМД ба 35 муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва 63 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ донишҷӯён қабул карда мешаванд.
Навгонии дигари низоми ИМД дар соли ҷорӣ ба роҳ мондани қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум) аст. Шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум) низ ҳуқуқи интихоби то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро аз коллеҷҳо доранд.
1) аз ҳуқуқи интихоби то 12 комбинатсияи ихтисосҳо истифода кунанд;
2) пеш аз ҳозир шудан ба нуқтаи бақайдгирӣ интихобҳои худро дуруст муайян кунанд;
3) ҳангоми бақайдгирӣ дар интихоби ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил, ҷобаҷогузории бартарии интихобҳо (яъне дар ҷойи 1‑ум гузоштани комбинатсияи ихтисоси бештар писанд ва ба ҳамин тартиб то 12‑ум), забон ва макони имтиҳонсупорӣ, макони фиристодани даъватнома ва ғайра ба хато роҳ надиҳанд.
Лозим ба зикр аст, ки соли ҷорӣ низ хизматрасонии “Пешномнависӣ” дар ҳолати бархат (онлайн) фаъол аст. Он имкон медиҳад, ки довталаб маълумоти заруриро барои бақайдгирӣ омода карда, баъдан ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҷиҳати расман номнавис кардани худ ҳозир шавад. Барои дастрасӣ ба хизматрасонии “Пешномнависӣ” почтаи электронӣ доштани хоҳишмандони бақайдгирӣ зарур аст. Чунин почта барои истифода аз хизматрасонии “Худро бисанҷ” ва барқарор кардани рамзи кабинети инфиродии довталаб низ лозим аст.
Дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон АРЗИШИ хизматрасонӣ барои як довталаб вобаста аз зинаи таҳсилоти доштааш чунин муқаррар гардидааст:
- 250 (дусаду панҷоҳ) сомонӣ – барои довталабоне, ки таҳсилоти миёнаи умумӣ (яъне, хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 11‑ум), ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ доранд;
- 160 (яксаду шаст) сомонӣ – барои довталабоне, ки таҳсилоти умумии асосӣ доранд (яъне, хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9‑ум);
- 25 (бисту панҷ) сомонӣ – барои марҳалаи асосии азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иваз кардани интихобҳои аввалия ва азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ.
Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони зерин дар пардохти маблағ барои хизматрасонӣ имтиёз пешбинӣ гардидааст:
- шахсоне, ки ятими кул ва бепарастори то 21-солаанд, аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД-2019 озоданд;
- шахсони зерин аз пардохти 50 %-и маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД-2019 озоданд:
- шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд;
- маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб”.
Агар шахс ҳам маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм, ё “кӯдаки маъюб” бошаду ҳам падар ё модараш вафот карда бошад, ё дар парастории яке аз онҳо қарор дошта бошад, он гоҳ ӯ аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД-2019 озод аст.
Шахси аз пардохти 50 %-и маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД-2019 озодбуда, агар дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9‑ум) бошад, 80 (ҳаштод) сомонӣ ва агар шахси мазкур дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ бошад, 125 (яксаду бисту панҷ) сомонӣ пардохт мекунад.
Шахсони дорои имтиёзҳои зикргардида ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод кунанд.
Соли ҷорӣ бо мақсади имтиҳонсупории довталабон дар 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда мешавад ва довталаб метавонад, ки дар вақти бақайдгирӣ яке аз ин шаҳрҳо ё ноҳияҳоро ҳамчун макони имтиҳонсупориаш интихоб намояд.
Падару модарон бояд ҳангоми бақайдгирӣ, бахусус аз ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсилро интихоб кардани фарзандонашон огоҳ бошанд.
Хотиррасон менамоем, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дар ИМД ихтиёрист, вале гирифтани таҳсилоти миёна ё олии касбӣ ба ҳар як шахс дар ҷаҳони муосир барои соҳибмаълумоту соҳибкасб гардида, пайдо кардани ҷойи кори мувофиқ ва мақоми арзанда дар ҷамъият муҳим аст.
Маълумоти муфассалро дар бораи бақайдгирӣ, муассисаҳои таълимии ба низоми ИМД дохилшуда ва дигар раванду марҳалаҳои имтиҳонҳои мазкур метавон аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки гунаи электронии он дар сомонаи Марказ (http://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab/791-rohnamoi-dovtalab-2019.html) ҷойгир карда шудааст, дастрас кард.