Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ОҒОЗИ ИМТИҲОНҲОИ ОЗМОИШӢ

Нашр шуд: 28 Октябри 2021
Диданд: 1710

Имрӯз, 27-уми октябр Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳони озмоиши тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонии низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ баргузор кард.

Дар имтиҳонҳои озмоишӣ 196 хатмкунанда аз 4 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия иштирок намуданд.

Мақсад аз гузаронидани озмоиши мазкур, пеш аз ҳама, шиносоии хатмкунандагон бо тарҳи маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ, дарк кардан ва пайдо намудани масъулият дар вақти супоридани имтиҳонҳои воқеӣ ва шинос шудан ба таркиби саволу масъалаҳои тест вобаста ба фанҳои имтиҳонӣ мебошад.

Инчунин, дар давоми 4 рӯз - аз 27-ум то 30-юми октябри соли ҷорӣ аз тарафи кормандон ва мутахассисони Марказ дар шаҳрҳои Роғуну Истиқлол ва ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки 498 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ имтиҳонҳои озмоишӣ ташкил ва баргузор мешавад.

 Маврид ба ёдоварист, ки Маркази милли тестӣ соли сеюм аст, ки барои хатмкунандагони кишвар ин таҷрибаро гузаронида истодааст. Тибқи нақшаи ММТ дар давоми моҳҳои октябр-декабри соли 2021 дар 60 шаҳру ноҳияи интихобшуда бо иштироки зиёда аз 20000 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ имтиҳони озмоишӣ гузаронида мешавад.

То имрӯз аллакай дар байни ду муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе бо иштироки 240 нафар хамткунанда имтиҳонҳои озмоишӣ гузаронида шуд ва натиҷаҳои онҳо коркарду ба иштирокдорон дастрас карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар мувофиқа бо муассисаҳои таълимӣ хатмкунандагон ба панҷ гурӯҳи ихтисосҳо тақсимот шудаанд:

- гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум - табиӣ ва техникӣ;

- гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм - иқтисод ва география;

- гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм - филология, педагогика ва санъат;

- гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ.

- гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ.

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон