Душанбе, 27-уми марти соли 2020
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки нуқтаи сайёри бақайдгирӣ, ки дар заминаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умуми № 20-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ташкил гардидааст, аз 26 уми март фаъолиятро оғоз кард. Шахсони хоҳишманди иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов зиндагӣ мекунанд ё айни замон дар ин ноҳия мебошанд, инчунин шахсони хоҳишманд аз ноҳияҳои дигари наздик метавонанд худро дар нуқтаи бақайдгирии мазкур номнавис кунанд.
Лозим ба зикр аст, ки нуқтаи сайёри бақайдгирӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов то 31 уми март фаъолият мекунад.