Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ОҒОЗИ БАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ИМД-2016

Нашр шуд: 01 Марти 2016
Диданд: 1059

Душанбе, 1-уми марти соли 2016

Даври асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2016 шурӯъ гардид. Дар асоси таҳлилҳо оид ба шумораи умумии хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар соли 2016 бо мақсади таъмини дастрасии хоҳишмандон барои аз қайд гузаштан дар 26 шаҳру ноҳияи интихобии ҷумҳурӣ 28 нуқтаи доимии бақайдгирӣ таъсис дода шуда, дар 20 шаҳру ноҳияи кишвар нуқтаҳои сайёр фаъолият хоҳанд кард.

Бақайдгирӣ то 15-уми апрел идома ёфта, дар ин муҳлат хоҳишмандон, ки тибқи тартиби муқарраргардида барои иштирок кардан дар ИМД ҳуқуқ доранд, метавонанд ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояшон наздик ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қайд гузаранд. Хотиррасон менамоем, ки новобаста аз макони зист, довталаб имкон дорад, ки дар ҳар нуқтаи бақайдгирии барояш наздик сабти ном шавад.

Ба диққати шахсоне, ки дар ИМД-2016 иштирок кардан мехоҳанд ва дигар алоқамандони имтиҳонҳои мазкур мерасонем, ки яке аз ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои пешниҳод ҳангоми бақайдгирӣ расиди пардохти маблағ дар яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” аст. Рӯйхати филиалҳои Амонатбонк бо нишон додани суроғаҳои онҳо дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст.

Ёдрас менамоем, ки довталаб дар доираи як гурӯҳи ихтисосҳо ҳуқуқи то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро вобаста аз муассисаҳои таълимӣ, шакли таҳсил (рӯзона, ғоибона, шабона, фосилавӣ) ва намуди таҳсил (ройгон, пулакӣ) интихоб кардан дорад. Соли ҷорӣ ба 33 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 26 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ба воситаи низоми ИМД донишҷӯён қабул карда мешаванд. Ҳамчунин ба низом 25 гурӯҳи мақсадноки коллеҷҳои тиббӣ дохил гардид.

Ба шахсоне, ки барои иштирок дар ИМД-2016 аз қайд гузаштан мехоҳанд, тавсия медиҳем, ки ҳангоми бақайдгирӣ дар интихоби ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил, ҷобаҷогузории бартарии интихобҳо (яъне дар ҷойи 1‑ум гузоштани комбинатсияи ихтисоси аз ҳама бештар писандида ва ба ҳамин тартиб то 12‑ум), забон ва макони имтиҳонсупорӣ, макони ирсоли даъватнома ва ғайра ба хато роҳ надиҳанд ва пеш аз ҳозир шудан ба нуқтаи бақайдгирӣ интихобҳои худро муайян кунанд. Ба падару модарон низ муроҷиат менамоем, ки ҳангоми ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсилро интихоб кардани фарзандонашон бетараф набошанд.

Маълумоти муфассалро дар бораи бақайдгирӣ, муассисаҳои таълимии ба низоми ИМД дохилшуда ва дигар раванду марҳалаҳои имтиҳонҳои мазкур метавон аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки дар сомонаи Марказ ҷойгир карда шудааст, дастрас кард.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон