Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСА БА МУНОСИБАТИ ТАЪЙИНОТИ КАДРӢ

Нашр шуд: 21 Июни 2022
Диданд: 1346

Душанбе, 21-уми июни соли 2022

20-уми июни соли 2022 дар маҷлисгоҳи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Марказ) ҷаласаи хоса баргузор гардид.

Директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ бо ифтитоҳи ҷаласа қайд кард, ки ин маҷлис асосан ба тағйироти кадрии  бавуқуъомада дар муассисаи мо ва таъкиду дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт дорад.

Ҷаъфарзода С. Ф., аз ҷумла гуфт, тавре ки шумо иттилоъ доред, тибқи Оинномаи Марказ директори он ва муовинонаш аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Вобаста ба ин, рӯзи 10-уми июни соли ҷорӣ бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиниё Абдулбосит Шодӣ ба мансаби муовини якум ва Олимҷонзода Уктам Олимҷон ҳамчун муовини директори Марказ таъйин карда шуданд.

Тазаккур додан мебояд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми таъйини муовинони директори Марказ чанде аз масъалаҳои муҳимми марбут ба фаъолияти Марказро баён карда, дар робита ба ин талаботу кирдореро, ки хоси роҳбарону кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ бояд бошад, таъкид карданд.

Маҷлиси имрӯзаи мо низ ба баёни таъкидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба кору рафтор, ки иҷрои онҳо ва ё амал кардан тибқи онҳо дар фаъолияти Марказ хеле муҳимму ҳатмӣ буда, инчунин метавонад дар ҳалли масъалаҳои зиёде мусоидат кунад, бахшида шудааст, − гуфт Ҷаъфарзода С. Ф.

Бо назардошти дар арафаи оғози даври асосии имтиҳонҳо қарор доштан салоҳи кор ва маъқул меҳисобам, ки он таъкиду дастурҳоро ба самъи шумо низ расонам. Лозим ба зикр аст, ки дар ҳошияи ҳар яке аз таъкидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳишу талаби роҳбарияти Марказ баён карда мешавад.

Директори Марказ зимнан таъкиду талаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тафсилоташ ба таваҷҷуҳи аҳли нишаст расонида, аз ҷумла қайд кард, ки хиёнат накардан ба давлату миллат, боло гузоштани манфиати давлату миллат аз ҳама манфиатҳои дигар, содиқона кор кардан барои давлату миллат, риоя кардани қонунгузорӣ ва роҳ надодан бар амалҳои хилофи қонун, бо кормандони тобеъ муносибати хуб доштан ва барои расидан ба ҳадафҳои воло бо онҳо ҳамкорию муомилаи нек кардан, серталаб будан нисбат ба худ ва дигарон, дар ягон ҳолат ва шароит ноумед нашудан ва барои пешрафт талош кардан, бо дасту дили пок фаъолият кардан ва худро аз хислатҳои нописанд дур нигоҳ доштан, намунаи ибрат будан дар риояи интизоми меҳнат, иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ ва назорати одилонаи иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ аз тарафи кормандон, ҳисси баланди ватандӯстию миллатдӯстӣ доштан, пешгирӣ аз таассубу хурофотпарастӣ, роҳ надодан ба шитобкорию эҳсосот ва бо сабру таҳаммул будан, хулоса, инсони неку поквиҷдон ва бомасъулият усулу принсипҳои ҳар як корманди Марказ дар фаъолияташ бояд бошад.

Одамият − эҳтироми одамӣ,

Бохабар шав аз мақоми одамӣ.

Бо риояи комили меъёрҳои ахлоқӣ, эҳсоси масъулият дар иҷрои вазифаю уҳдадориҳоямон дар сатҳи баланд мо ҳам мақому нуфузи худ ва муассисаамонро дар байни ҷомеа баланд хоҳем бардошту ҳам сазовори бовари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳем буд, − таъкид кард Ҷаъфарзода С. Ф.

Сипас муовинони навтаъйингаштаи директори Марказ бо изҳори сипос аз бовари роҳбарияти мамлакат нисбат ба онҳо омодагии худро барои талошу кӯшиши бештар кардан ҷиҳати ба ҷо овардани вазифаҳояшон ва иҷрои таъкиду дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд. 

Ҳамчунин, чанде аз кормандони дигар ба музокира баромада, дар робита ба масъалаҳои ироашуда изҳори ақида карданд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон