Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ОҒОЗИ СЕМИНАРҲОИ ОМӮЗИШИИ КОРМАНДОНИ МУВАҚҚАТИИ МАРКАЗҲОИ ИМТИҲОНӢ

Нашр шуд: 07 Июни 2019
Диданд: 1112

Душанбе, 7-уми июни соли 2019

Дар доираи корҳои омодагӣ барои гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2019 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарҳои омӯзиширо барои кормандони муваққатӣ: роҳбар ва ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ, маъмур ва маъмури калони имтиҳон, бақайдгирандаи маркази имтиҳонӣ оғоз кард.

Семинарҳои омӯзишӣ аз 6-ум то 15-уми июни соли 2019 дар 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ  (26 нуқта) гузаронида мешавад. Мувофиқи эълон барои иштирок дар семинарҳои омӯзишӣ 4558 нафар хоҳишманд ҳуҷҷат супорида буданд. Баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи хоҳишмандон аз тарафи раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилооти Марказ маълум кард, ки ҳуҷҷатҳои 3568 нафар хоҳишманд мувофиқи талаботи муқарраршуда пешниҳод карда шудаанд.

Баррасии мувофиқати номзадон ба талаботи тахассусии муқарраршуда аз рӯйи ҳуҷҷатҳояшон, ки аз ҷониби раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Марказ гузаронида шуд, муайян кард, ки ба 2746 нафар довталаби барои кор ариза пешниҳодкарда барои ширкаташон дар семинарҳои омӯзишӣ иҷозат дода шавад.

Шунавандагони семинар (2746 нафар) аз рӯйи  панҷ гурӯҳи зерини вазифаҳо тақсим карда шуданд, ки ба онҳо 32 нафар тренер (ҳамчун корманди муваққатӣ) ва 21 нафар корманди доимии Марказ дарс медиҳанд: 1) роҳбари маркази имтиҳонӣ, 2) ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ, 3) маъмури калони имтиҳон, 4) маъмури имтиҳон, 5) бақайдгирандаи маркази имтиҳонӣ.

Ҳайати гурӯҳи корӣ пас аз ду рӯзи дарсӣ ба шунавандагон дар асоси дарсҳои омӯхтаашон (бо такя ба барнома, модули омӯзишӣ ва маводи иловагии ёрирасон) саволномаҳо пешниҳод карда, баъди арзёбии донишу маҳорати шунавандагон дар асоси талаботу принсипҳои муқарраршуда аз байни онҳо қариб 2000 нафарро тибқи вазифаҳои номбурда интихоб ва ба кори муваққатӣ дар Марказ ҷалб мекунанд.

Лозим ба зикр аст, ки тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 47 маркази имтиҳонӣ ташкил карда мешавад. Фаъолияти марказҳои имтиҳонӣ аз 1-уми июл оғоз мегардад ва кормандони интихобшуда дар ин марказҳо фаъолият хоҳанд кард.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон