Душанбе, 25-уми майи соли 2026
25-уми майи соли ҷорӣ дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо мақсади омодагӣ барои баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2026 семинари омӯзишӣ барои тренерон оғоз гардид.
Дар оғози семинар директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ дар бораи моҳият ва тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ сухан гуфта, таъкид кард, ки ки имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ зери таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Шафофу одилона ва тибқи тартиб баргузор намудани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз масъулин ва иштирокдорони семинар низ вобаста аст, – таъкид кард Ҷаъфарзода С. Ф..
Тренерони дар ин семинар омодашуда кормандони муваққатии марказҳои имтиҳониро меомӯзонанд ва онҳоро барои қабул ва гузаронидани имтиҳонҳо тайёр менамоянд.
Семинарҳои омӯзишии тренерон барои намояндагони шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва минтақаи Рашт бо иштироки 48 нафар шунаванда аз 25-ум то 26-уми майи соли 2026 дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, аз 28-ум то 29-уми май дар бинои бахши минтақавии Марказ дар шаҳри Хуҷанд барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо иштироки 23 нафар шунаванда, аз 28-ум то 29-уми май дар бахши минтақавии Марказ дар шаҳри Бохтар барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои водии Вахши вилояти Хатлон бо иштироки 19 нафар шунаванда ва аз 28-ум то 29-уми май дар муассисаи таҳсилоти умумии № 6-и шаҳри Кӯлоб барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо иштироки 20 нафар шунаванда баргузор мегардад.
Бояд қайд намуд, ки 35 нафар корманди асосии Марказ ҳамроҳ бо тренерон дар давоми моҳи июни соли ҷорӣ дар 22 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ семинарҳои омӯзиширо барои кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ ташкил ва баргузор менамоянд.
Ҳайати гурӯҳи корӣ барои ташкил ва баргузории семинари омӯзишии тренерон барнома, модули омӯзишӣ ва маводди иловагии ёрирасонро омода намуда, пас аз ду рӯзи дарсӣ ба шунавандагон дар асоси дарси гузашта саволномаҳо пешниҳод менамоянд. Шунавандагон мувофиқи талаботу принсипҳои муқарраршуда арзёбӣ карда мешаванд.
Бояд қайд намуд, ки тибқи эълони пешакӣ барои иштирок дар озмуни интихоби корманди муваққатӣ ба ҳайси тренер 79 нафар хоҳишманд ҳуҷҷат пешниҳод намуданд. Баъд аз омӯзиш ва таҳлилҳо ба 75 нафари онҳо иҷозат дода шуд, ки дар семинарҳои омӯзишии тренерон иштирок намоянд. Аз байни онҳо дар асоси озмун бо таъдоди муайншуда омӯззишдидагон ба ҳайси тренер интихоб ва ба кори муваққатӣ дар Марказ ҷалб карда мешаванд.








