Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • Пажӯҳишу арзёбӣ
    • Арзёбии миллӣ
    • PISA
    • PIRLS
    • Маҷаллаи "Довталаб"
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2026
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2026-2027 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
    • Стипендияи Президентӣ
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳои таҳлилию иттилоотӣ
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

ОҒОЗИ СЕМИНАРҲОИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ОМОДА КАРДАНИ КОРМАНДОНИ МУВАҚҚАТИИ МАРКАЗҲОИ ИМТИҲОНӢ

Нашр шуд: 08 Июни 2026
Диданд: 145

Душанбе, 8-уми июни соли 2026

Имрӯз дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо мақсади омода намудани кормандони муваққатие, ки дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе ба сифати роҳбари маркази имтиҳонӣ, ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ, маъмури имтиҳон, ёвари маъмури имтиҳон ва бақайдгирандаи маркази имтиҳонӣ ба кор ҷалб карда мешаванд, семинарҳои омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар семинар муовини директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷонзода Уктам, сардори раёсати ташкил ва идораи имтиҳонҳои Марказ Саидзода Парвиз, номзадон ба вазифаҳои мазкур ва масъулини дигар иштирок доштанд.

Дар оғоз муовини директори Марказ Олимҷонзода Уктам дар бораи ҳадафи семинарҳои омӯзишӣ ва тартибу талаботи гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2026  суханронӣ намуда, таъкид кард, ки дар сатҳи баланд гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, таъмини шафофияту адолат дар он ва пешгирӣ аз падидаҳои номатлубу амалҳои коррупсинонӣ аз мову шумо вобастагии зиёд дорад.

Бояд гуфт, ки семинарҳои омӯзишӣ барои кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ, ки то 13-уми июни соли 2026 идома меёбад, дар 22 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ баргузор карда мешавад.

Тибқи эълони пешакӣ барои иштирок дар озмуни интихоби кормандони муваққатӣ ба ҳайси роҳбари маркази имтиҳонӣ, ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ, маъмури имтиҳон, ёвари маъмури имтиҳон ва бақайдгирандаи маркази имтиҳонӣ  4047  нафар хоҳишманд ҳуҷҷат пешниҳод намуданд. Баъд аз омӯзиш ва таҳлилҳи ҳуҷҷатҳо ба 3765 нафар хоҳишманд иҷозат дода шуд, то ки дар семинарҳои омӯзишии мазкур иштирок намоянд. Аз байни онҳо 2600 нафар ба ҳайси роҳбари маркази имтиҳонӣ, ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ, маъмури имтиҳон, ёвари маъмури имтиҳон ва бақайдгирандаи маркази имтиҳонӣ интихоб ва ба кори муваққатӣ дар Марказ ҷалб карда мешаванд.

Дар семинарҳои омӯзишӣ 35 нафар корманди дафтари асосии Марказ ва 68 нафар тренер хоҳишмандони кори муваққатиро барои баргузории имтиҳонҳо дар марказҳои имтиҳоние, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури ташкаил карда мешаванд, омода ва интихоб менамоянд. 

 

Паёми Президент

Паёмҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2026-2027 (ҷадвали ихтисосҳои давраи дуюми бақайдгирӣ)Нақшаи қабули с.т. 2026-2027 (ҷадвали ихтисосҳои давраи дуюми бақайдгирӣ)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои ПрезидентӣНамунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои Президентӣ
  • Роҳнамои довталаб – 2026Роҳнамои довталаб – 2026
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2026ТАҚВИМИ ИМД – 2026

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2026-2030

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон