Душанбе, 6-уми июни соли 2022
6 июни соли 2022 семинарҳои омӯзишӣ барои кормандони муваққатии маркази имтиҳонӣ: роҳбар, ёвари роҳбар, маъмури калон, маъмур ва бақайдгирандаи маркази имтиҳонӣ дар шаҳру навоҳии кишвар оғоз шуд.
Семинари омӯзишӣ дар 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ то 16 июни соли 2022 идома карда, кори он барои ҳар як гурӯҳ ду рӯз идома меёбад ва дар 25 макони баргузории семинар 2755 нафар хоҳишманд ширкат менамоянд.
Шунавандагон баъд аз омӯзиш донишу маҳораташон ва талаботу принсипҳои муқарраршуда барои кор дар баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази миллии тестӣ ҷалб мегарданд. Аз байни онҳо зиёда аз 1900 нафар бо ин мақсад интихоб карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 46 маркази имтиҳонӣ ташкил карда шуда, фаъолияти он аз 1-уми июл оғоз мегардад.