Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ОҒОЗИ СЕМИНАРҲОИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ИНТИХОБИ КОРМАНДОНИ МУВАҚҚАТИИ НУҚТАҲОИ БАҚАЙДГИРӢ

Нашр шуд: 09 Феврали 2024
Диданд: 28281

Душанбе, 7-уми феврали соли 2024

5-уми феврали соли 2024 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарҳои омӯзиширо бо мақсади омӯзиш ва интихоби кормандони муваққатии нуқтаҳои бақайдгирӣ барои иштироки довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли ҷорӣ оғоз кард.

Кормандони муваққатие, ки баъд аз гузаштани семинарҳо дар асоси натиҷаҳои озмун ба кор қабул карда мешаванд, дар давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирӣ ҳамчун роҳбар, ёвари роҳбар ва бақайдгирандагон дар ин нуқтаҳо кор хоҳанд кард.

Мувофиқи нақша бо мақсади шаффофу дастрас баргузор кардани бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2024 дар 59 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ нуқтаҳои бақайдгирӣ, аз ҷумла дар 43 шаҳру ноҳия 47 нуқтаи доимии бақайдгирӣ бо 154 истгоҳи корӣ ва дар 16 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил карда хоҳанд шуд. Нуқтаҳои мазкур барои фаъолият дар давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД‑2024, ки чун солҳои пеш аз 1-уми март оғоз мегардад, пешбинӣ гардидааст.

Тибқи эълон, аз тариқи электронӣ 529 нафар хоҳишманд бо мақсади иштирок дар озмуни интихоби кормандони муваққатии нуқтаҳои бақайдгирӣ ариза (бо ҳуҷҷатҳои дигари лозимӣ) пешниҳод намуданд. Аз ин шумораи аризадодагон, мувофиқи таҳлилу баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодкарда 482 нафар ба семинарҳои омӯзишӣ ҷалб карда мешаванд.

Барои ташкилу баргузории семинарҳои омӯзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Панҷакент ва Рашт аз ҷумлаи кормандони Марказ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст. Тибқи барнома семинарҳои омӯзишӣ барои 15 гурӯҳ дар шаҳру ноҳияҳои зикршуда то 17-уми феврали соли 2024 давом меёбад.

Шумораи кормандоне, ки дар асоси озмун барои кор дар давраи якуми бақайдгирии довталабон (аз 1-уми март то 30-юми апрели соли 2024) дар нуқтаҳои бақайдгирӣ интихоб карда мешаванд, 241 нафарро ташкил медиҳад.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон