Душанбе, 9-уми феврали соли 2026
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиш ва интихоби кормандони муваққатии нуқтаҳои бақайдгирии довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2026 семинарҳои омӯзиширо оғоз намуд.
Дар оғози семинар директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ доир ба вазифаю ҳадафҳои Марказ ва уҳдадориҳои кормандони муваққатии нуқтаҳои бақайдгирӣ суханронӣ ва барои иҷрои уҳдадорӣ ва вазифаҳо ба онҳо барору муваффақият таманно намуд.
Дар рафти баргузории семинарҳoи омӯзишӣ барои интихоби кормандони муваққатии нуқтаҳои бақайдгирӣ доир ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16-уми декабри соли 2025 зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» баён доштанд, ба таври муфассал сухан гуфта, муҳтавои нуктаҳои асосии паёми сарвари давлатро шарҳу тавзеҳ доданд.
Бояд қайд кард, ки кормандони муваққатие, ки баъд аз гузаштани семинарҳо дар асоси натиҷаҳои озмун ба кор қабул карда мешаванд, дар давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирӣ ҳамчун роҳбар, ёвари роҳбар ва бақайдгирандагон дар ин нуқтаҳо кор хоҳанд кард.
Мувофиқи нақша бо мақсади шаффофу дастрас баргузор кардани бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 дар 43 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ нуқтаҳои бақайдгирӣ, аз ҷумла 50 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 17 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёр ташкил карда хоҳанд шуд. Нуқтаҳои мазкур, ки барои давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон ташкил карда мешаванд, аз 2-юми марти соли ҷорӣ ба фаъолият оғоз мекунанд.
Тибқи эълон 608 нафар хоҳишманд бо мақсади иштирок дар озмуни интихоби кормандони муваққатии нуқтаҳои бақайдгирӣ ариза пешниҳод карданд. Аз ин шумора, мувофиқи таҳлилу баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда, 553 нафар ба семинарҳои омӯзишӣ ҷалб гардиданд.
Барои ташкилу баргузории семинарҳои омӯзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва Рашт аз ҷумлаи кормандони Марказ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст. Тибқи барнома семинарҳои омӯзишӣ барои 19 гурӯҳ то 21-юми феврали соли 2026 давом меёбад.
Шумораи кормандоне, ки дар асоси озмун барои кор дар давраи якуми бақайдгирии довталабон (аз 2-юми март то 28-уми апрели соли 2026) дар нуқтаҳои бақайдгирӣ интихоб карда мешаванд, 289 нафарро ташкил хоҳад дод.







