Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ОҒОЗИ СЕМИНАРҲОИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ИНТИХОБИ КОРМАНДОНИ МУВАҚҚАТИИ НУҚТАҲОИ БАҚАЙДГИРӢ

Нашр шуд: 10 Феврали 2025
Диданд: 916

Душанбе, 10-уми феврали соли 2025

10-уми феврали соли 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарҳои омӯзиширо бо мақсади омӯзиш ва интихоби кормандони муваққатии нуқтаҳои бақайдгирӣ барои иштироки довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2025 оғоз кард.

Дар рафти баргузории семинарҳoи омӯзишӣ барои интихоби кормандони муваққатии нуқтаҳои бақайдгирӣ доир ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 декабри соли 2024 зимни ироаи паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» баён доштанд, ба таври муфассал сухан гуфта, муҳтавои нуктаҳои асосии паёми сарвари давлатро шарҳу тавзеҳ доданд.

Кормандони муваққатие, ки баъд аз гузаштани семинарҳо дар асоси натиҷаҳои озмун ба кор қабул карда мешаванд, дар давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирӣ ҳамчун роҳбар, ёвари роҳбар ва бақайдгирандагон дар ин нуқтаҳо кор хоҳанд кард.

Мувофиқи нақша бо мақсади шаффофу дастрас баргузор кардани бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД  2025 дар 43 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ нуқтаҳои бақайдгирӣ, аз ҷумла 47 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 17 шаҳру ноҳияи дигар  нуқтаҳои сайёр ташкил карда хоҳанд шуд. Нуқтаҳои мазкур, ки барои давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон ташкил карда мешаванд, аз 1-уми марти соли ҷорӣ ба фаъолият оғоз мекунанд.

Тибқи эълон 572 нафар хоҳишманд бо мақсади иштирок дар озмуни интихоби кормандони муваққатии нуқтаҳои бақайдгирӣ ариза пешниҳод карданд. Аз ин шумора мувофиқи таҳлилу баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда 531 нафар ба семинарҳои омӯзишӣ ҷалб гардиданд.

Барои ташкилу баргузории семинарҳои омӯзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва Рашт аз ҷумлаи кормандони Марказ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст. Тибқи барнома семинарҳои омӯзишӣ барои 19 гурӯҳ то 22-юми феврали соли 2024 давом меёбад.

Шумораи кормандоне, ки дар асоси озмун барои кор дар давраи якуми бақайдгирии довталабон (аз 1-уми март то 30-юми апрели соли 2025) дар нуқтаҳои бақайдгирӣ интихоб карда мешаванд, 245 нафарро ташкил хоҳад дод.

 

 

 

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон