Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ОҒОЗИ КУРСИ ШИНОСОӢ БО НИЗОМИ ИМД-2024

Нашр шуд: 15 Январи 2024
Диданд: 20518

Душанбе, 15-уми январи соли 2024

15-уми январи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММТ) курси шиносоӣ вобаста бо низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷумҳурӣ барои соли 2024 бо намояндагони сарраёсат, раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе доир гардид.

Курси мазкур бо мақсади омӯзонидани таблиғгарони низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2024 ва омодасозии онҳо барои сари вақт огоҳ намудани ҷомеа, бахусус омӯзгорону хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ бо тартиб ва ҷузъиёти ИМД-2024 дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се сатҳ: ҷумҳуриявӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва муассисаҳои таълимӣ ташкилу баргузор хоҳад шуд.

Дар доираи 6 дарси пешбинишуда дар сатҳи аввал дар моҳи январ ва дар сатҳи дуюм дар муассисаҳои таълимӣ давоми моҳи феврал доир ба талаботу қоидаҳои муқарраршуда барои бақайдгирии довталабон ва мавзуъҳои дигари дахлдор гуфтугӯҳо сурат мегиранд.

Замони баргузории курси шиносоӣ бо низоми ИМД дар сатҳ (давр)-и аввал барои 137 нафар корманди муваққатии Марказ – таблиғгарон дар соли 2024 вобаста ба минтақаҳо чунин пешбинӣ шудааст:

- барои таблиғгарони шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ аз 15-ум то 16-уми январи соли 2024 (шаҳри Душанбе);

- барои таблиғгарони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 15-ум то 16-уми январи соли 2023 (шаҳри Хоруғ ба таври онлайнӣ аз шаҳри Душанбе);

- барои таблиғгарони шаҳру ноҳияҳои водии Зарафшони вилояти Суғд аз 15-ум то 16-уми январи соли 2024 (шаҳри Панҷакент ба таври онлайнӣ аз шаҳри Душанбе);

- барои таблиғгарони шаҳру ноҳияҳои водии Вахши вилояти Хатлон аз 18-ум то 19-уми январи соли 2024 (шаҳри Бохтар);

- барои таблиғгарони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз 18-ум то 19-уми январи соли 2024 (шаҳри Кӯлоб);

- барои таблиғгарони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд (ба истиснои водии Зарафшон) аз 18-ум то 19-уми январи соли 2024 (шаҳри Хуҷанд).

Сатҳи дуюми курси шиносоӣ барои 3799 нафар намояндаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ дар раёсат ва шуъбаҳои маорифи 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ аз 25-ум то 26-уми январи соли 2024 ва сатҳи сеюми курси шиносоӣ барои зиёда аз 150 000 хатмкунандаи муассисаҳои таълимии зикршуда (дар заминаи синфи 9-ум ва 11-ум) давоми моҳи феврал бевосита дар худи муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар анҷоми курси шиносоӣ донишҳои азхудкардаи иштирокдорони сатҳи аввал вобаста ба мавзуъҳои пешниҳодшудаи барномаи омӯзишӣ аз тариқи тест санҷида мешавад.

Бояд қайд кард, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳои Марказ оид ба ташкил ва гузаронидани ИМД-2024 аз 1-уми феврал то 6-уми март, дар баробари мониторинги рафти курси шиносоӣ дар сатҳи сеюм, вохӯриҳои кормандони муваққатии Марказ бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо, омӯзгорон ва падару модарон пешбинӣ шудааст.

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон