Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ОҒОЗИ КУРСҲОИ ШИНОСОӢ БО НИЗОМИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ БАРОИ СОЛИ 2025

Нашр шуд: 20 Январи 2025
Диданд: 1313

Душанбе, 20-уми январи соли 2025

20-уми январи соли 2025 дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе курси шиносоӣ бо иштироки намояндагони сарраёсат, раёсат, шуъба ва бахшҳои маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд баргузор гардид.

Тазаккур бояд дод, ки курси мазкурро Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзонидани таблиғгарони низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2025 ва шаҳрвандон, бахусус хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ ва омӯзгорон бо низоми ИМД дар се сатҳ: ҷумҳуриявӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва муассисаҳои таълимӣ ташкилу баргузор кард.

Дар рафти баргузории курсҳои шиносоӣ бо низоми ИМД барои соли 2025 ба намояндагони сарраёсат, раёсат, шуъба ва бахшҳои маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд доир ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 декабри соли 2024 зимни ироаи паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» баён доштанд, ба таври муфассал сухан гуфта, муҳтавои нуктаҳои асосии паёми сарвари давлатро шарҳу тавзеҳ доданд.

Дар ин семинар доир ба талаботу қоидаҳои муқарраршуда барои бақайдгирии довталабон ва мавзуъҳои дигари дахлдор гуфтугӯҳо сурат гирифт. Ҳайати кории Марказ дар доираи барнома ва модули омӯзишӣ барои шарҳу тафсили мавзуъҳои дарсӣ шаклҳои гуногуни таълими интерактивӣ, аз ҷумла муаррифии компютерӣ, маърӯзаҳои хурд, маводди чопию электронӣ ва ғайраро омода намудаанд.

Замони баргузории курси шиносоӣ бо низоми ИМД дар сатҳи аввал нафар кормандони муваққатии Марказ – таблиғгарон дар соли 2025 вобаста ба минтақаҳои дигар чунин муқаррар шудааст:

◘ барои таблиғгарони шаҳру ноҳияҳои водии Вахши вилояти Хатлон аз 23-юм то 24-уми январи соли 2025 дар шаҳри Бохтар;

◘ барои таблиғгарони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз 23-юм то 24-уми январи соли 2025 дар шаҳри Кӯлоб;

◘ барои таблиғгарони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд (ба истиснои водии Зарафшон) аз 23-юм то 24-уми январи соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд.

Сатҳи дуюми курси шиносоӣ барои 3816 нафар намояндаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ дар раёсат, шуъба ва бахшҳои маорифи 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ аз 29-ум то 30-юми январи соли 2025 ва сатҳи сеюми курси шиносоӣ барои хатмкунандгони синфҳои 9-ум ва 11-уми муассисаҳои таълимии зикршуда давоми моҳи феврал бевосита дар худи муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар анҷоми курс барои фаъолияти пурсамару арзанда 5 нафар корманди муваққатии Марказ (таблиғгарон) бо сипосномаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шуданд.

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон