Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ НУҚТАҲОИ САЙЁРИ БАҚАЙДГИРӢ ДАР СОЛИ 2023

Нашр шуд: 28 Марти 2023
Диданд: 3153

Душанбе, 28-уми марти соли 2023

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи асосии бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2023 аз 1‑уми март ба роҳ монда буд. Дар шаҳру ноҳияҳое, ки нуқтаҳои доимии бақайдгирӣ амал намекунанд, нуқтаҳои бақайдгирии сайёр таъсис дода шудааст.

Ин нуқтаҳо 27-уми марти соли 2023, аз ҷумла дар 6 ноҳияи ҷумҳурӣ – Дарвоз, Кӯҳистони Мастчоҳ, Сангвор, Ховалинг, Балҷувон ва Ишкошим ба кор шуруъ хоҳад кард. Муҳлати фаъолияти нуқтаҳои мазкур дар давоми то ду ҳафта ба нақша гирифта шудааст, ки зиёда аз 2000 нафар хатмкунандаи ноҳияҳои зикршуда тавассути онҳо метавонанд аз қайди расмии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаранд.

Давоми моҳи марти соли 2023 дар 6 шаҳру ноҳияи дигари ҷумҳурӣ низ, аз ҷумла шаҳри Роғун, ноҳияҳои Тоҷикобод, Нуробод, Шаҳристон, Роштқалъа, Рӯшон нуқтаҳои бақайдгирии сайёр фаъолият карда буданд, ки зиёда аз 3000 нафар хатмкунанда дар заминаи синфҳои 9-ум ва 11-ум дар онҳо ба қайд гирифта шуданд.

Инчунин, тибқи нақшаи фаъолияти Марказ дар давоми моҳи апрели соли 2023 боз дар 3 ноҳияи дигари ҷумҳурӣ: Лахш, Ванҷ, Мурғоб нуқтаҳои бақайдгирии сайёр таъсис дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки мувофиқи нақша дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2023 дар 44 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 49 нуқтаи бақайдгирии доимоамалкунанда бо теъдоди 152 истгоҳи корӣ ва дар 15 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ таъсис дода шудааст, ки дар умум, 59 шаҳру ноҳияро фаро мегирад. Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст (https://ntc.tj/images/Downloads/ruykhati_nb_2023.pdf).

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон