Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ОҒОЗИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 11-УМ

Нашр шуд: 27 Марти 2025
Диданд: 1497

Душанбе, 27-уми марти соли 2025

27-уми марти соли 2025 дар муассисаи давлатии таълимии “Мактаби байналмилалии Президентӣ” (шаҳри Душанбе) даври чорум (ҷумҳуриявӣ)-и олимпиадаҳои фаннии равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ барои хонандагони синфҳои 11-уми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии кишвар баргузор шуд.

Дар маросими ифтитоҳи олимпиадаҳои муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан Азам, муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиниё Абдулбосит Шодӣ, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Муҳамадҷон Ғафорзода, хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии кишвар, волидон, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, намояндагони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигарон иштирок намуданд.

Дар оғоз муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан Азам иштирокдорони даври чоруми олимпиадаҳои фанниро барои то ба ин давр расиданашон таҳният гуфта, зикр кард, ки кӯдакони болаёқат ҳамчун «захираи тилоӣ» бо иштирок дар олимпиадаҳои фаннӣ дар рушду нумуи илм ва маорифи кишвар саҳми назаррас мегузоранд. Дар ин замина бо ҳадафи дарёфт ва дастгирии онҳо бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуну олимпиадаҳои гуногун ташкил ва баргузор карда шуда, хонандагон ва омӯзгорони пешсаф муаррифӣ мегарданд.

Сипас муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиниё Абдулбосит Шодӣ дар бораи тартиб ва шартҳои баргузории олимпиадаҳо суханронӣ ва ба иштирокдорон муваффақият таманно кард.

Имсол тибқи нақша дар олимпиадаҳои номбурда 1290  нафар хонанда аз фанҳои равияҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ иштирок мекунанд. Олимпиадаҳои фаннии равияи табиӣ-риёзӣ ва технологияи иттилоотӣ, инчунин аз фанни таърих 28-уми марти соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд. Натиҷаҳои даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ 29-уми марти соли равон эълон мешавад.

Тазаккур бояд дод, ки олимпиадаҳои мазкурро ҳар сол Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо” ба роҳ мемонад.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹Май 2025›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон