Душанбе, 2-юми феврали соли 2026
Мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои иттилоърасонию таблиғотӣ дар шакли курсҳои шиносоӣ ҳамасола аз моҳи январ то охири моҳи март дар се сатҳ (давр) – миқёси 1) ҷумҳурӣ, 2) шаҳру ноҳияҳо ва 3) муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ (-и дахлдор) баргузор мегардад.
Даври сеюми корҳои иттилоърасонию таблиғотӣ дар шакли курсҳои шиносоӣ бо низоми ИМД 2026 аз 2-юм феврал оғоз гардида, то 10-уми феврали соли ҷорӣ идома меёбад. Дар доираи ин курсҳои шиносоӣ 46 нафар корманди Марказ барои ташкилу баргузории вохӯриҳо ба 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ сафарбар шуданд ва кормандон мувофиқи нақша дар давоми 9 рӯз дар 314 муассисаи таълимӣ бо хонандагони синфҳои 9-ум ва 11-ум, омӯзгорон, падару модарон ва алоқамандони дигари низоми ИМД вохӯрӣ мегузаронанд.
Дар баробари ин, кормандони Марказ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади ошноӣ пайдо кардани кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо кормандони ин идораҳо суҳбат карда, маводди иттилоотию методӣ, аз ҷумлаи дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” ва маҷмуаи саволу масъалаҳои тестиро ба онҳо дастрас менамоянд.
Бояд гуфт, ки ба ин вохӯриҳо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва мақомоти дигар дахлдор даъват гардидаанд.
Инчунин, барои бештар шиносоӣ пайдо кардани аҳли ҷомеа бо ИМД 2026 дар китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз тарафи Марказ маводди иттилоотию методӣ тақдим карда мешаванд, ки дар умум зиёда аз 500 маҷмӯаро ташкил медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки дар давоми моҳҳои феврал ва марти соли ҷорӣ дар 3872 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз тарафи таблиғгарони сатҳи ҷумҳурӣ оид ба ИМД 2026 вохӯриҳо доир карда мешавад ва тибқи маълумоти пешакӣ дар онҳо зиёда аз 200000 нафар хатмкунанда ва алоқамандони дигари ИМД 2026 низ иштирок хоҳанд кард.












